Таҷлили Рӯзи сохтмончиён ва 50-солагии “Ашти калон” дар Ашт

Дар ноҳияи Ашт рӯзи сохтмончиён ва 50-солагии “Ашти калон” дар сатҳи баланд бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода таҷлил карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт, дар маросими таҷлил собиқадорони соҳаи сохтмон ва пирони кор иштирок намудаанд.

Дар оғоз роҳбари ноҳия ҳайати меҳмононро бо ҷараёни коргоҳи ҷӯроббофӣ ва коркарди нахи пахта, ки бо 600 ҷойи корӣ бунёд мегардад, шинос намудааст.

— Сохтмончиён ва собиқадорони меҳнат ба бунёди коргоҳҳои азим дар ноҳия баҳои баланд дода, барои фароҳам овардани чунин шароит дар ҳақи Пешвои муаззами миллат ва саҳмгузорони коргоҳ дуои хайр намуданд,- меафзояд манбаъ.

Сипас, боздиди меҳмонон аз ҳавзҳои моҳии ҶДММ “Рахшона”, ки ба таври интенсевӣ бунёд гардидааст, сурат гирифтааст.

Баъдан ҷамъомади тантанавӣ дар толори Маркази сайёҳӣ-истироҳатии “Рахшона” ҷараён гирифта, раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода зимни суханронии худ кулли сохтмончиёнро ба иди касбиашон табрик гуфта, нақши онҳоро дар ободонии Ватан назаррас арзёбӣ намудааст.

Роҳбари ноҳия гуфтааст, ки маҳз ба туфайли кормандони соҳа 50 сол муқаддам кор дар “Ашти калон” оғоз гардида, таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба амал оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *