Таҷовузкорон ҳукми қатл гирифтанд

Гунаҳкорон шишаи мошини занеро, ки бо ду фарзандаш дар дохили мошини бе бензин монда, мунтазири кӯмак буд, ба зӯр берун кашида, зери мили аслиҳа ва дар пеши чашми кӯдаконаш таҷовуз кардаанд

Суд дар Покистон ду мардро барои таҷовузи як зан дар канори шоҳроҳе дар шаҳри Лоҳур ба қатл маҳкум кард. Ин ҷиноят соли гузашта сабаби тазоҳуроти саросарӣ ва даъватҳо барои сахттар кардани ҷазо барои таҷовузи ҷинсӣ дар саросари Покистон шуд.
Аршад Ҳусайн Бҳутто, додраси парванда рӯзи 20 — уми март бо нашри баёнияе гуфт, ки Обид Малҳӣ ва Шафқат Алиро ба таҷовузи гуруҳӣ, одамрабоӣ, ғоратгарӣ, терроризм гунаҳкор донистанд. Ҳарду ҳамчунин ба 14 солии зиндон маҳкум шуданд, то дар сурати таъхир дар иҷрои ҳукми қатл дар зиндон бимонанд.
Ба гуфтаи судяҳо, гунаҳкорон шишаи мошини занеро, ки бо ду фарзандаш дар дохили мошини бе бензин монда, мунтазири кӯмак буд, ба зӯр берун кашида, зери мили аслиҳа ва дар пеши чашми кӯдаконаш таҷовуз кардаанд. Онҳо баъдан пулу ҷавоҳирот ва кортҳои бонкии ӯро дуздидаанд.
Ҳангоми тафтишот зан ҳарду муттаҳам ба ҷиноятро шинохтааст ва ташхиси ДНК низ ҳузури мардон дар ҷойи ҷиноятро собит кардааст. Ин ҷиноят хашми мардуми Покистонро барангехт, ки ба кӯчаҳо рехтанд ва хостанд, ҷазо барои чунин ҷиноятҳо сахттар шавад. Раиси ҷумҳури Покистон моҳи декабр қонунеро имзо кард, ки бар асоси он судҳои махсус қазияҳои таҷовузи ҷинсиро бо суръат муҳокима мекунанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *