Тақаллубкории байналмилалӣ: тоҷикон ва чех

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки мақомоти ин агентӣ ба зидди се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Чехия бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди «б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки мақомоти ин агентӣ ба зидди се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Чехия бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди «б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Дар гузорише, ки рӯзи 4 март дар сомонаи расмии Агентии мубориза бо коррупсия нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад: «Арабов Бахтиёр Гурезович дар вазифаи директори ҶДММ «Гардуна» кор карда истода бо истифодаи мақоми хизматӣ, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини директори ҳамин ҷамъият Рустамов Тоҳир Аскарович, сармуҳосиб Хушқадамова Тоус Муборакқадамовна ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав Скоҳоутил бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо мақсади тасарруфи молу мулки Собиров Собир Алиназарович аз охирин барои гӯё таъмини ҷойи кор дар Ҷумҳурии Чехия маблағи 1320 доллари ИМА-ро гирифта ба охирон зарари махсусан калони моддӣ расониданд. Ғайр аз ин, Арабов Б.Г., Рустамов Т.А., Хушқадамова Т.М. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав С. бо тарзу усули дар боло зикргардида ба боварии 36 нафар шаҳрвандони дигар даромада аз онҳо низ маблағи умумӣ 32210 доллари ИМА ва 101538 сомонӣ гирифта, амали ваъданамудаашонро иҷро накарданд. Дар натиҷа ба шаҳрвандон зарарҳои калон ва махсусан калон расониданд.”

Ҳоло тафтиши пешакии парвандаи Арабов Б.Г. Рустамов Т.А., Хушқадамова Т.М. ва Васлав С. бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди «б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *