Таҷаммуи афкор ва такомули инсон
Дар ҳошияи мақолаи «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият»-и доктори улуми сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов
Андешаҳои сиёсиву фалсафии С. Ятимов, ки ба таври пайваста дар саҳифаҳои матбуоти кишвар ба нашр мерасанд, нахуст аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳанд, ки муаллиф ҳолату фазои имрӯзаро ташхису таҳлил карда, меҳвари андешаҳои худро созмон медиҳад. Ин ташхис муҷиби он аст, ки мавҷудияти холигоҳҳо дар фазоҳои мухталиф ошкор ва ҷомеа аз онҳо огоҳ карда шавад. Ин ҳушдор метавонад дар раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ боиси бунёди садди устувор дар муқобили ҷараёнҳои хавфнок гардад. Албатта, ин раванди огаҳӣ хусусияти омиёна надорад ва ҷомеа ниёз ба роҳнамоиҳои коршиносон, олимон ва зиёиён дорад.
С. Ятимов ҳамчун муҳаққиқи дақиқбин робитаи мантиқии назарияи имрӯзаи шинохти равандҳоро бо гузашта таъмин кардааст. Мақолаи «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» дар навбати аввал бо назардошти ҳамин хосият навишта шудааст. Муқаддимаи мақола инсон, фард ва шахсро ҳамчун муродифоти ягонаи асли мақсад дар мадди аввал мегузорад. Андешаи муаллиф дуруст аст, ки «таъмини осудагӣ, рушди фард ва ҷомеа» ҳамчун мақсади аслии инсоният ба қонунияти бунёди ҷомеаи солим табдил ёфтааст. С. Ятимов фардро таҳқиқ карда, бо доираи қонуниятҳои илмҳои печидаи имрӯза қаноат намекунад. Ба ин хотир дар суроғи андешаҳои фалсафии И. Кант ба фазои иҷтимоиву маънавии асри 18 меравад. Ва ҳамин суроғ ҳам тасодуфӣ нест. Зеро ин аср то андозае сатҳи баланди таҳаввули иҷтимоӣ барои аҳли башар аст. Ҷомеаи ғарбӣ дар ин давра тавонист, ки пештози ин таҳаввул шавад. Он нуқтаи муҳим аз назари муаллиф дур намемонад, ки ҷомеа ба таври мақсаднок дар тарбияи инсон саҳм гузошта метавонад. Дар ин самт нақши илму фарҳанг, маорифу таълим ва оиларо муқаддам меҳисобад. Махсусияти мақола дар он аст, ки муаллиф ақидаҳои худро ба таври мантиқӣ дар такя ба андешаҳои И. Кант тақвият мебахшад. Ва боз: Муаллиф танҳо ба як самт такя намекунад, балки афкори фалсафии шарқиро низ барои исботи андешаҳояш далел меорад. Чунончи дар аксар қисматҳои мақолаи мазкур андешаҳои тарбиявию ахлоқии Саъдӣ, Ҳофиз, Сино ва Айнӣ пеш оварда мешаванд, ки ин эътирофи ғановати классикии фарҳангу адаби миллати тоҷик ва эътимод аз ҷониби муаллиф аст. Пӯшида нест, ки муҳаққиқоне ҳам ҳастанд, ки ҳангоми таҳқиқи осори ин ё он файласуфу шахсияти бурунмарзӣ танҳо ба ҳудуди як майдон иқтифо мекунанд. Аммо чунин сифат барои ин мақола бегона аст. С. Ятимов осору таҷрибаи аҷдодиро низ ба риштаи таҳқиқ мекашад, ки ин қадами устуворе дар роҳи худшиносии фарҳангии миллӣ аст. Мақола дар баробари аҳамияти баланди илмӣ доштан, оҳанги публисистиву оммавӣ низ дорад, ки аз мубрамияти он гувоҳӣ медиҳад.
Аслан фалсафа илми мураккаб аст ва на барои ҳама фаҳмост. Бо як навъ фосилагирӣ аз баёни мураккаб муаллиф таъбиру иқтибосҳоро ба таври суфта ба ақидаҳои худ пайванд медиҳад. Дар бахшҳои фарогир дар доираи чанд иқтибоси зарур аз асарҳои «Дин фақат дар доираи ақл» ва «Дар бораи педагогика» кӯшиш мешавад, ки нақши ҷомеаро бо унсурҳои фарогир дар роҳи тарбияи инсон собит намояд. И. Кант файласуфи шинохтаи ҷаҳонист ва андешаҳояш доманаи васеъ доранд. Ҳама уфуқҳои андешаҳои ӯро дар як мақола баён кардан ғайриимкон аст. Аммо муаллиф бо назардошти доираи табъу завқи аудиторияи умум дар баёни мақсад талоши муваффақона намудааст. Хосияти илмиву публитсистии андешаҳои файласуфро бештар ба инобат мегирад ва дар интихобу пешниҳоди онҳо муваффақ гаштааст. Масалан дар иқтибосоте чун «бисёре аз ҳайвонот ба ғизо ниёз доранд, аммо на ба парасторӣ», «тарбиятдидаи бадахлоқ, шахсияти бадахлоқро тарбия менамояд», «беинтизомро дар синни камолот ислоҳ кардан душвор аст», «ваҳшигиро наметавон решакан намуд» ва амсоли он ҳадафҳои маънавии содаву фаҳмо матраҳанд.
Муаллиф дар мақолаи худ усули қиёсиро ба кор бурдааст. Дар баёни мақсад нахуст аз равзанаи илм наздик мегардад ва баъдан бо мисолҳои возеҳи рӯзгори инсонӣ хонандаро ба андеша кардан водор месозад. Ба гунаи мисол ёдовар шудани қатли Улуғбек аз ҷониби писар, қатли модари худ аз тарафи Алӣ Сақра дар рӯзҳои мо ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҳаммиллатони нохалаф кушта шудани фарзандони фарзонаи миллати тоҷик хонандаро ба умқи андешаҳо мебарад. Аён аст, ки муаллиф нақши «тарбиятгар»-ро дар низому суботи ҷомеа муқаддам медонад. Дар асоси назарияи содаи И. Кант — «ҳайвонот аз якдигар чизеро намеомӯзанд, аммо ба ғайр аз парандаҳои хушхон (дар асоси ирсияти биологӣ)» муаллиф бо оҳанги возеҳ масъалаи тарбияи инсонро таблиғ кардан мехоҳад. «Сифатҳои марбут ба табиати инсонӣ»-ро дар ҳамон фурсат дастрасу ҳосилшуда медонад, ки агар тарбиятгар нақши мусбати худро дар ҷомеа нишон диҳад.
Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ
Таълим, тарбия, маърифатмандӣ ва билохира озодрафтории инсон силсилаи андешаҳои муаллифанд, ки такомули инсонро дар ҷомеа бозгӯ менамоянд. Дар ин бахш мавқеъ ва андешаҳои фардии муаллиф торафт муассиртар мегардад. Зеро ӯ бештар ба воқеияти зиндагӣ такя карда, масъаларо аз равзанаи оддӣ баҳогузорӣ менамояд. Хулосаҳои муаллиф дар ин масъала хосияти таълимиву илмӣ ва оммавии нигоштаро ба ҳам меорад, ки аз ҳунари нигорандагии муаллиф шаҳодат медиҳад. Аммо ба андешаи мо, дар аксар маврид муаллиф бо назардошти фазои рӯз андешаҳояшро самт мебахшад. Бо корбасти иқтибосҳои кӯтоҳ ва муъҷаз аз асарҳои И. Кант ва ҳамзамон мутафаккирони бузурги Шарқ муаллиф ба асли мақсад — тарбия ва такомули судманди инсон наздик мешавад. Заминаи нахустини тарбия, ки аз овони кӯдакиву наврасӣ оғоз мешавад, аз ҷониби муаллиф пойдевори аслии тарбия дониста мешавад. Тарбияи диниву ақидатӣ, таълимиву маърифатӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ, ҷамъиятиву оилавӣ ва амсоли он ҳар кадом хеле возеҳ баррасӣ мегарданд. Тавре ишора гашт, ҳалқаи андешаҳои муаллиф яксону якнавохт нест. Ҳар як сарсатр ва андеша бо асосҳои илмӣ бо пеш овардани намунаи иқтибосҳо аз чанд сарчашма ба хонанда таассуроти махсусро дар роҳи тарбияи фарзанд мебахшад. Ба фикри мо, таъбирҳои «ганҷу молу гулу хору ғаму шодӣ баҳаманд» ва «дар рӯзгори серу пур ва мутантани онон мабодо «фарзанд аз даст наравад»» баёни мақсади муаллифро осон кардаанд ва барои хонанда манфиатбахшанд. Тарбияи судманд ва манфӣ (боқӣ мондани сифату зуҳуроти ваҳшоният) дар овони наврасиву бачагӣ дар таҷзияи афкори мутафаккирони шарқиву ғарбӣ бо як навъ қиёси фаҳмо шарҳ дода шудааст. Аз нигоҳи муаллиф, тарбия дар пояи таҷрибаи рӯзгор, махсусан барои ҷавонон, бо назарияи мушаххаси И. Кант исбот карда мешавад. Аммо мусаллам аст, ки ҳамон ҷавоне аз таҷрибаи рӯзгор суд бардошта метавонад, ки ӯ тарбияи созгореро паси сар карда бошад ва ин таъкид аз оғоз то анҷоми мақоларо фаро мегирад. Озодӣ ва хислату хӯ бахши муҳими дигари мақола ба ҳисоб меравад. Роҳи ноҳамвори зиндагӣ ва «маҷбуркунӣ зарур аст» (таъбири И. Кант) ҳикматҳои мутақобиле мебошанд, ки донишманди фарохандеш С. Ятимов онҳоро дар як қолаб таҳқиқ намекунад. Балки ин қонуниятҳои озодиву хислатро бо фармудаҳои Ҳофизу Саъдиву Айнӣ дар тарҳҳои дигар илман собит намуда, дар як навъ ҳамоҳангӣ осори И. Кантро манбаи беҳтарини амаливу назарӣ дар таҳқиқи ин мавзуъ медонад. Мавқеи муаллиф дар заминаи андешаҳои фалсафии мутафаккирони зикршуда ба вуҷуд меояд, ки гувоҳи арзиши баланди илмии мақола мебошад.
«Фанои иродаи қавӣ» ва «интизоми ниёз ба ислоҳи ҷиддӣ» ин афкори барангезандаи муаллиф дар мутобиқат ба фазои кунунист. Дар шароити феълӣ набудани иродаи қавӣ дар ҳақиқат ин пеш аз ҳама бекориву ҷоҳилӣ ва коҳилии инсонҳост. Муҷиби ин ҳолат адами тарбияест, ки он дар замоне сурати костаи худро доштааст. Дар ин самт андешаҳои муҳаққиқ С. Ятимов дурустанд, ки шуур ин олами бозест, ки ҳама чизи дар ҷомеа мавҷудбударо қабул менамояд. Вақте ки «ҳама чиз» мегӯем, бояд дар назар гирифт, ки ҷомеаи инсонӣ пур аз рангорангиҳост. Ин рангорангиҳо дар худ даҳҳо авомили мусбату манфиро фаро мегиранд. Дар муқобили чунин ҷараён дар такя ба андешаҳои С. Ятимов бояд монеаҳоро барои раҳоӣ аз фоҷиаҳо ба вуҷуд овард. Дар ҳақиқат «инсон нусхаи генетикӣ намебошад» ва бо тасмими ба ӯ дахл накардан наметавон натоиҷи мусбатро интизор буд. Махсусан ҳолати имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ хеле ҳассос мебошад ва С. Ятимов дуруст қайд менамояд, ки «шахсони зирак, айёр, ғаразкор алоқаҳои муассирро бо ҳар роҳ меҷӯянд». Дар ин маврид муаллиф аз «дӯстӣ», «рафоқат», «садоқат», «аҳди хоҳариву бародарӣ»-и гоҳо ғаразнок ишора менамояд. Роҳи ҳаллу наҷот аз ин варта барҳам задани «надонистани алоқаву муносибатҳо» дониста мешавад, ки хонандаи закӣ мантиқи ин ишоротро ба хубӣ дарк мекунад.
Дар бахши мантиқи тарбия муаллиф мафҳумҳои биниш ва донишро дар асоси ҷаҳонбиниҳои И. Кант шарҳ додааст. Муқобилгузории фаҳмиши омиёна ва илмиро бо мисолҳои содаи возеҳ ба хонанда пешниҳод мегардонад. Тафовут байни тавлиди инсон ва ҳайвон ба хонанда он хулосаро мебахшад, ки дар ин ҷаҳон ҳама чиз низоми худро дорад. Тавлиди инсон ва зарурати ӯ ба тарбия яке аз он тафовутҳост, ки дар сурати набудани он ҷомеа гирифтори фоҷиа мешавад. Он андешаи ҷолиби И. Кант пеш оварда мешавад, ки дар сурати имкону қудратро ба зарари худ истифода кардани инсон ба амал омадани фоҷиаҳо ногузир мешавад. Дар ин масъала андешаҳои таҷзияёфтаи муаллиф қобили таваҷҷуҳанд, ки ӯ мавҷудияти «табиати ваҳшигӣ»-и инсонро инкор намекунад. Боз ҳам дар такя ба афкори И. Кант гуфтан мехоҳад, ки ин табиат ҳамеша бо инсон ҳамроҳ аст. Дирӯз, имрӯз ва ояндаи ҷомеаи инсонӣ аз ин табиати инсонӣ раҳо нест. Аммо идора кардани ин табиат ва пешгирӣ кардани онро дар асоси андешаҳои И. Кант пешниҳод месозад, ки он «низом ҳаст, ки инсонро аз ваҳшоният халос мекунад».
Мақола доманфаррох буда, метавон онро ба сифати дастури маҷмуии шинохти такомули инсон дар чанд ҷабҳа пазируфт. Аз мутолиаи мақолаи доктори улуми сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов — «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» чунин бардошт ҳосил мешавад:
1. Тарбия, такомул ва ташаккули инсон дар ҳама замонҳо ҷавҳар ва меҳвари аслии андешаҳои муҳаққиқони ҷомеашинос будааст. Аз ҷумла, дар ҳама таҳқиқоти муҳаққиқ С. Ятимов ин мавуъ меҳварист.
2. Мақолаи мазкур таҷаммуи афкори фалсафию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар нишон додани роҳи ташаккулу такомули инсони комил мебошад.
3. Дар пасманзари андешаҳои гуманистии муҳаққиқони шарқиву ғарбӣ мавқеи фардии гуманистии муаллиф маълум мешавад.
4. Мақола дар мавзуи мушаххас ва атрофи андешаҳои шахсияти мушаххас баён гашта бошад ҳам, аммо дар он худшиносии фарҳангии миллати тоҷик аз мавзуоти асосӣ мебошад.
5. Муаллиф дар асоси таҷзияи афкор бо назардошти авзои феълӣ дурнаморо бозгӯ кардааст.
6. Олимони ҷомеашинос аз бахшҳои алоҳидаи мақолаи мазкур дастурҳои таълимиву тарбиявиро барои такомули шахсияти ҷавонону наврасон таҳия карда метавонанд.
7. Хеле хуб аст, ки нашрияҳои зиёде ин мақоларо ба нашр расонидаанд, ки боиси фарогирии доираи васеи хонандагон мегардад. Корбасти бештари ин гуна мақолаҳои маърифатбахш тавассути ВАО дар шароити тезутунди бархӯрди афкор амри зарур ва ногузир аст.
8. Хуб мешавад, ки агар чунин мақолаву андешаҳо дар доираи маҳфилу нишастҳо (махсусан барои ҷавонон) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шаванд.
Сангин ГУЛОВ,
Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ,
устодони факултети журналистикаи ДМТ
Бознашр аз Фараж
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ