Таҳдид бо корд ва тамаъи 10000 сомонӣ

Типқи иттилои ВКД, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ки пеш бо моддаҳои 375 ва 376 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 6-уми октябри соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди корд аз марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҷиликул 10000-сомониро талаб карда гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *