Таҳдидҳо аз Афғонистон

Дар мулоқоти А.Қаҳҳоров ва Н.Бордюжа муҳокима шуд

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни сафири дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа ба Тоҷикистон дар Душанбе мулоқоти ӯ бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардид.Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ҷаласаҳои муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, ки баргузоришаон рӯзҳои 13-14 октябр дар Ереван ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуданд.Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалахои вазъи амният дар ҷаҳону минтақа, таҳдиду чолишҳо ба кишварҳои узви СААД, аз ҷумла аз Афғонистон бармеомада табодули назар карданд.Дидору гуфтушуниди дабири кулли СААД бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар назар аст.Қобили зикр аст, ки дар Шӯроҳои Ереван баррасии лоиҳаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи вокуниши кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода», масоили густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ бо мақсади истифодаи имконоти онҳо дар кумак ба ҷабрдидагон аз ҳолатҳои фавқулода, рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои оид ба амалисозии самтҳои асосии рушди низоми вокуниши дастаҷамъонаи кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода дар назар аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *