Тақдими ҷоиза ба журналистон

Дар рӯзи байналмилалии озодии баён дар Тоҷикистон 11 рӯзноманигор ҷоиза гирифтанд. Аз ҷумла, ҷоизаи ҷасорати журналистии ба номи Отахон Латифӣ ба Салими Аюбзод ва Наҷмиддини Шоҳинбод, ҷоизаи Бӯриннисо Бердиева баАдолати Мирзо, ҷоизаи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев ба Иршод Сулаймонӣ, ҷоизаи Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Ҳуриннисо Ализода ва ҷоизаи Маркази таҳқиқоти журналистӣ ба номи Пайванд Гулмуродзода ба Одили Нозир ва Карим Мӯсо дода шуд. Ҷоизаи ба номи Ҷумъа Толиб ба Мушкиннисо Хоҷаева ва ҷоизаи Маркази таҳқиқоти журналистӣ барои мусоидат ба рушди ВАО насибиФирӯз Баротов гардиданд. Ҳамчунин ҷоиза аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҳия ва нашри матолиби иттилоотиву таҳилӣ вобаста бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ тақдим шуд.

Дар нишасти ҷумҳурияии “Тамоюл ва мушкилоти нав” бахшида ба рӯзи байналмилалии озодии баён, ки 3 май дар меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, сафирони Олмон ва Бритониё дар Тоҷикистон ва муовини сафири Амрико низ иштирок доштанд. Ин нишаст бо ташаббуси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, сафоратҳои Амрико ва Бритониё дар Тоҷикистон ва Институти ҷомеаи боз сурат гирифт. Ҳамоиш бо як дақиқа хомӯшӣ ба хотири гиромидошти рӯзноманигороне, ки дар ин роҳ қурбон шудаанд, оғоз ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *