Тақдирҷунбони ҷоизаи Лоҳутӣ кист?

Рӯзноманигор Н. Н. соли сеюм аст, ки барои дарёфти Ҷоизаи ИТЖ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта, пешниҳод менамояд. Аммо… дар ҷаласаи тантанавии иди касбии рӯзноманигорон ҳатто номашро ба забон намегиранд. Бори чорум «дунё ба умед» гуфта, хост боз бахташро санҷад.  Дар даромадгоҳи вазорат бо вазир, ки ба қавли худаш ҷӯраи ҷониаш аст,  рӯ ба рӯ омад.

— Ҳа, бародар, кадом шамол паронд?  Саломатӣ, бачаву кача  чӣ тур?

— Шукр, ҳамааш нағзу…

—  Ягон хизмат кунам?

— Вазири муҳтарам, се сол боз ҳуҷҷатҳоямро барои ҷоизаи Лоҳутӣ пешниҳод намоям. Ваъда медиҳанду ҳеҷ ки…

— Росташро гӯям, шумо ба ҳама мукофоту ҷоиза арзандаед. Вале ҷоизаи Лоҳутӣ дар дасти ман нест. Аълочии фарҳанг лозим бошад, марҳамат! Тақдирҷунбони ҷоизаи Лоҳутӣ дигар кас аст, узр, — гуфт вазир.

«Фаҳмидам, тақдирҷунбони ҷоизаи Лоҳутӣ Зиннатуллоҳ аст. Не, не, аниқ Давлат Сафар аст! — аз дилгузаронд Н. Н., — О вай маро хуб мешиносад-ку. Аз карнайчӣ як пуф, санҷида мебинам».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *