Таҳқиқи куштори ҷавони ҳамҷинсгаро дар Тошканд

Шокир Шавкатов, як ҷавони 25 солаи ӯзбек, ки чанде пеш дар Инстаграм ҳамҷинсгаро буданашро эътироф карда буд, шаби 12-уми сентябр дар Тошканд кушта шудааст.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки ду марди чилсола бо гумони даст доштан дар ин куштор боздошт шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, Шокир шаби 12-уми сентябр ба клубе рафта буд, ки маъмулан, он ҷо ҳамҷинсгароён гирдиҳам меоянд.

Дӯстонаш гуфтаанд, ӯро ду мард аз клуб берун карда, пас аз лату куб, гулӯяшро буриданд.

Мақомоти ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд, ки ҳодиса он ҷо рӯх додааст, гуфтанд, ки «куштори барқасдона» таҳқиқ мешавад.

Модари Шавкат гуфтааст, ки ҷасади писараш ҳоло дар сардхона қарор дорад. Дӯстони Шокир Ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки воқеан ӯ ҳамҷинсгаро буд.

Қаблан низ наворҳои лату куби ҷавонони зоҳиран ҳамҷинсгаро аз ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *