Таҳқиқи ҳодисаи худкушии Мафтуна манъ шуд.
Таҳқиқоти ҳодисаи худкушии Мафтуна Раҳмоноваи 21-сола, ҳамроҳи кӯдакаш, ки соли гузашта иттифоқ афтода буд, муваққатан манъ карда шуд. Моҳи апрели соли гузашта Мафтуна Раҳмоноваи 21-сола бо тифли шашмоҳааш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохт ва он замон масъулони пулиси шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо додситонӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ карданд.
Додситонӣ дар ҳоле аз қатъи таҳқиқи худкушии Мафтуна ва тифли навзодаш хабар медиҳад, ки пайвандони ин зани ҷавон аз шеваи тафтиш розӣ нестанд ва мегӯянд, духтари онҳо қурбони хушунати хонаводагӣ ва фишорҳои зиёд дар хонаи шавҳар шудааст. Онҳо мегӯянд, дуруст нест, ки афроди Мафтунаро ба худкушӣ водоркарда дар озодӣ ва беҷазо монанд.
Сабабҳои даст ба чунин амал задани ин зани ҷавон мушкилоти хонаводагӣ гуфта мешуд.
Умед, бародари Мафтуна Раҳмонова иброз доштааст, ки умедашро кандаасту мегӯяд, ки шикоят бефоида аст
Умедҷон Исмоилзода, муфаттиши додситонии Файзобод рӯзи 7-уми сентябр гуфтааст, ки, онҳо ба далели пайдо накардани “аломати таркиби ҷиноят дар ҳаракати гумонбарони ҳодиса” таҳқиқро муваққатан боздоштанд. Ба гуфтаи Исмоилзода, тафтиши ин ҳодисаро аввал додситонии шаҳри Ваҳдат ба дӯш дошт, баъдан идомаи таҳқиқи ҳодиса ба додситонии ноҳияи Файзобод супурда шуд.
“Дар ҳолати пайдо шудани ягон маълумот оид ба ин ҳодиса тафтиш дубора аз сар гирифта хоҳад шуд”, — таъкид кард муфаттиш.
Ҳақиқат нест?
Умед, бародари Мафтуна гуфта, ки “ҳақиқат нест, вагарна ин кор ин хел намемонд. Шикоят ҳам дигар бефоида аст. Дигар чӣ кор кунем?”
Пайвандони Мафтуна бар ин боваранд, ки ӯ зери латту кӯб, таҳқир ва фишори “аз андоза зиёд”-и хонаводаи шавҳар ба чунин кор даст задааст. Ба гуфтаи онҳо, шавҳари Мафтуна пеш аз сафар ба Русия бо хушдоманаш телефонӣ сӯҳбат карда аз ӯ хостааст, духтарашро насиҳат кунад, то “қавоқ наандозад” ва “вазифаҳояшро дар хона хуб иҷро кунад”. Ӯ аз он шикоят кардааст, ки “Мафтуна ҷои хоби хушдоману хусур ва дигар аъзои хонаро напартофтааст”.
Далели худкушӣ пайдо нашуд
Аммо Атргул Ҷӯраева, хоҳаршӯи Мафтуна, ки наздикони ин зани ҷавон ӯро низ дар худкушии духтарашон муқассир медонанд, латту кӯбу фишор ба ин келини ҷавонмаргашонро рад мекунад. Вай гуфт, ҳарчанд баъди талоқ гирифтан аз шавҳар дар хонаи падар зиндагӣ мекард, аммо бо келини хонавода мушкиле надошт ва баръакс, ба корҳои ӯ кумак мекард. Атргул мегӯяд, баъди худкушии Мафтуна, ӯ низ дар баробари дигар аъзои хонавода моҳҳо бозпурсӣ шуд. Вале ба андешаи Атргул, мақомот далелеро барои таҳрики Мафтуна ба худкушӣ дар ин хонавода пайдо накард.
Қазияи худкушии Мафтуна бо тифли навзодаш дар як соли пеш маҳкумиятҳои бархе вакилони порлумони Тоҷикистонро низ ба бор оварда буд. Вакилон умед доштанд барои таҳқиқи ин вазъ як комиссиюн таъсис хоҳад ёфт. Аммо ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чаро таҳқиқи ин қазия муваққатан қатъ шудаву то ба ҳол касе барои марги Мафтуна ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст?
Бархе хонаводаҳое, ки духтаронашон то замони марг дар манзили шавҳару хушдоман зиндагӣ мекарданд, мегӯянд, ҳодисаҳои беҷазо мондани омилони худкушии арӯсон зиёд аст. Ба андешаи бархе аз хонаводаҳои ҷабрдида, дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодисаҳо вазъи молӣ ҳам нақши худро мегузорад ва маъмулан он ба манфиати ҷонибе анҷом меёбад, ки шароити беҳтар дорад.
Ҷомеашинос Барфимоҳ Ғаниева гуфт, вақте тафтишот бемории равонӣ доштани занонро собит намекунад, пас ин маънои онро дорад, ки зан гирифтори хушунат аст ва азобҳои ӯ дар хонаводаи шавҳар марзро убур кардаву ва занон дар ин ҳолат қасд ба ҷони худ намудаанд. “Вақте як зан дар хонаи шавҳар хушбахт асту ҳеҷ азоб надорад, чаро худкушӣ кунад? Магар ин далел нест, ки чигуна як зан дар хонаводаи шавҳар касди ҷонӣ худу фарзанд кардааст?” – суол гузошт Ғаниева.
Вале дар қисмате аз ин қазияҳои пурсарусадои худкушии келинҳои хона ба далели бозтоби зиёдашон дар расонаҳо қазияҳо то охир ва аз рӯи қонун баррасӣ шудаанд. Марги мудҳиши Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола, арӯси 40-рӯзаи муттаҳам дар нодухтарӣ аз ҷумлаи онҳост. Ӯ дар як навори пеш аз марг дар интернет, шавҳарашро муқассир донист. Шавҳари ӯ ҳарчанд ба бегуноҳ буданаш пойфишорӣ дошт, ахиран ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.
Агарчи навори сӯҳбати Раҷаббӣ гиреҳро дар марги ӯ дар як фурсати кӯтоҳ боз кард, аммо ба андешаи таҳлилгарон маъмулан марги якбораи занон ва хомӯшии онҳо то лаҳзаи худкушӣ, кори таҳқиқотро ҳам мушкил карда боис мешавад, қазияи марги онҳо солҳо идома кунад ё баъди чанде мисли қазияи Мафтуна Раҳмонова ба далелҳои мухталиф хомӯш ва муваққатан қатъ шавад.
Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо зан будаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ