Таҳқири шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия
Ин гуна бархурд, шиканҷа додан ва даридани либоси ин ҷавонон ва тариқи расонаҳои хабарӣ паҳн намудани акси таҳкиромези онҳо талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия ва санаду меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалиро дағалона вайрон кардааст!
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти чор шаҳрванди тоҷик ба гумони даст доштан дар қатл ва таҳқири ошкори ин афрод аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русияро “бархурди ғайриинсонии мақомоти рус нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон” унвон кардаанд.
Абдураҳими Умариён дар шабакаи иҷтимоии Facebook навиштааст: “Ин гуна бархурд, шиканҷа додан ва даридани либоси ин ҷавонон ва тариқи расонаҳои хабарӣ паҳн намудани акси таҳкиромези онҳо талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия ва санаду меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалиро дағалона вайрон кардааст!”
Корбарони шабакаҳо ин амалро “таҳқири ошкори миллати тоҷик” хонданд, зеро “шарафу номуси шаҳрванд дахлнопазир аст”.
Дар бештари сомонаҳои Русия, аз ҷумла, “Московская газета” акси боздоштшудаҳои тоҷик бо либосҳои дарида ва бараҳнаро чоп карданд, боиси хашму ғазаби корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон шуд.
Сомонаи муҳофизони ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ин амалро “нишонаи ҳолати беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия” арзёбӣ кардааст.
Бино ба гузориши расонаҳои Русия, чор шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли гӯштингир Сергей Чуев дастгир шудаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, Чуев бо як гуруҳи ҷавонони қиёфаашон осиёӣ барои ба як зани гӯё ҳомила гап партофтани онҳо вориди муноқиша шудааст ва ҷавонон варзишгарро ба кӯл партофтаанд.
Сергей Чуев зоҳиран дар зери об дамгир шудааст, чунки вақте вайро берун оварданд, алакай нафас намекашид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ