Таҷҳизоти маблағгузарониро кӣ ғорат кард?
Шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар кӯчаҳои Логинов, Ҷ. Румӣ ва Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, 6 адад таҷҳизоти маблағгузарониро шикаста, аз дохилашон 391 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавонони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Ба ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 10 июли соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи сӯзишворӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаи Меҳрободи ноҳияи мазкур шуда, аз он ҷо масолеҳи сохтмониро ба маблағи 33 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ҷинояти содиршуда дастгир карданд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Муайян карда шуд, ки номбурда 7 июли соли равон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 1 адад телефони мобилии тамғаи «СамсунгГ-4», ки арзишаш 3000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ