Таҷлили Рӯзи авиатсияи тоҷик

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Ҳанӯз 92 сол муқаддам, аниқтараш 3 сентябри соли 1924, бори нахуст ҳавопаймои сохти олмонии «Юнкерс Ф- 13», ки аз ҷониби сарнишинони тоҷикистонӣ П. Комаров ва Р. Ахриев идора мегардид, аз Бухоро парвоз намуда, ба Душанбе фуруд омад. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи навро боз намуд ва ба таъсиси Рӯзи авиатсияи ватанӣ асос гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки 30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Агар ба таърихи ҳавонавардии ватанӣ назар намоем, мебинем, ки Тоҷикистон ва авиатсияи гражданӣ ҳамнавоянд, яъне Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистӣ соли 1924 таъсис ёфт ва 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд. Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе тавассути ҳавопаймо оварданд. Тӯли 92 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфта, пеш рафтанд.
«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800 метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид.
«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2013 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 «Мрия» дар ҳарими ҳавоии Душанбе фуруд омад.
Комёбию дастовардҳои соҳаи авиатсияи ватанӣ дар ин муддат хеле зиёданд. Толорҳои фурудгоҳ вобаста ба шароити мавҷуда васеъ карда шуда, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло рафт. Барои мусофирон толорҳои муқаррарӣ ва CIP хизмат мерасонанд. Шароити сабти ном, гузаштан аз муоинаи амниятӣ ва дигар воситаҳои назорат ҷорӣ шуд. Хизматрасонии ҳавопаймоҳо мутобиқи дастурҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization), ки соли 1944 таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви он аст, ба роҳ монда шудааст.
Дастоварди дигари соҳаи авиатсияи кишвар аз он иборат аст, ки ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба ҳавопаймоҳои замонавии «Боинг» -ҳо гузаштанд.
Бояд гуфт, ки ин намуди ҳавопаймоҳо барои истифода ва идора хеле мувофиқ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *