Таҷлили рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО-2017
9 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 баргузор гардид, ки дар он сарони бисёр кишварҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон иштирок намуданд.
10 июн Намоишгоҳ ба кори худ шуруъ кард. Дар он намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 12 июни соли равон дар Намоишгоҳи мазкур Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, шоми ҳамин рӯз дар Амфитеатр, ки дар ҳудуди Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 воқеъ гардидааст, баргузории гала-консерти устодони санъати Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Дар ин гала –консерт ансамблҳои «Базморо», «Садои Суғд», «Фалак» ва сарояндагони шинохтаи мо Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев ҳунарнамоӣ намуда, санъати мусиқии тоҷикро пешниҳоди ширкаткунандагон ва меҳмонони ЭКСПО-2017 хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ