Таҷлили зодрӯзи Маҳатма Гандӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон
3 – уми октябри соли 2016 бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили 147 – умин солгарди зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, ки 2 – уми октябри соли 1869 дар Порбандар таваллуд шудааст, дар толори китобхона маҳфили илмии ихтисосӣ баргузор гардид.
Нишасти илмиро директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам намуд.
Тавре, ки Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Talikistantimes.com гуфт, ки дар маҳфил Сафири Кабири Ҳиндустон дар Душанбе, ҷаноби Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат ва аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат намуданд.
Сипас, директори китобхона Шодимуҳаммад Сӯфизода иброз дошт, ки дар таърихи сиёсии башарият нақши Маҳатма Гандӣ бағоят бузург буда, ӯро чун роҳбари маънавии Ҳидустон мешиносанд. Ӯ нахустин фарде буд, ки озодии Ҳиндро аз роҳе ба даст овард, ки барои бисёре ҳатто тасаввури он мушкил ва ғайриимкон менамуд. Рафторе, ки Гандӣ дар пеш гирифт, дар қиёс бо он чӣ акнун дар ҷаҳон мегузарад ба муъҷиза шабоҳат дорад. Ӯ роҳи ҳалеро баргузид, ки намунавор буд – ҷанг бидуни ҷанг! Бесабаб нест, ки ҳиндустониён ӯро дар Ҳинд «Мҳатма» яъне Рӯҳи Бузург лақаб доданд.
Зиндагии Маҳатма Гандӣ мактаби бузурге барои башарият ҳаст. Ҷунбиши ҳуқуқи маданӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба раҳбарии Мартин Лютер Кинг бар пояи усули Гандӣ буд. Фалсафаи Гандӣ муборизаи алайҳи апартеид дар Африқои ҷанубиро таҳти таъсир қарор дод ва шахсияте чун Нелсон Мандела бар асоси он фалсафа ба пирӯзӣ ноил гашт.
Гандӣ воқеан устура буд. Чун ӯ дар таърих намунаи дигареро намешиносем. Маҳатма Гандӣ касе буд, ки бузургтарин инқилоб, яъне инқилоб бидуни хунрезиро, натанҳо дар таърихи Шарқ, балки дар таърихи ҷаҳон ба самар расонид.
Сафири Кабири Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе, ҷаноби Сомнатҳ Гҳош дар баромади худ гуфт, ки бародаркушии ҳиндувону мусулмонҳо баъди 15 – уми августи соли 1947 (рӯзи соҳибистиқлол эълон шудани Ҳиндустон) низ идома дошт. Маҳатма Гандӣ дар Деҳлӣ ба хотири хотима додани бародаркушӣ боз гуруснанишинӣ эълон намуд ва ҳамон вақт қатъ намуд, ки ҳама гуна гуруҳҳои бо ҳам муқобил ваъда дода, созишномаеро ба имзо расониданд, ки дигар бародаркушӣ нахоҳанд кард.
Профессор Ҳабибулло Раҷабов қайд намуд, ки тарзи муборизаи ғайризӯроварӣ, ки Маҳатма Гандӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ доштанаш бисёр боварӣ дошт, аз солҳои 1917 – 1918 татбиқи худро ёфт. Ҳамин тариқ, ин гуна ғояҳои Гандӣ дар солҳои 20 – уми асри гузашта тамоми Ҳиндустонро фаро гирифта буд.
Пофессор Абдунабӣ Сатторзода дар ин нишаст аз собиқаи кориаш дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳоло робитаҳои хуби дипломатӣ доранд, ки ба шакли динамикӣ рушд мекунанд. Аммо ҳанӯз ин робитаҳо дар сатҳи олӣ нестанд. Ӯ дар ҳузури сафири Ҳиндустон изҳор дошт, ки барои табодули таҷриба байни китобхонаҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон заминаҳои хуби ҳамкорӣ фароҳам созанд. Ба гуфтаи ӯ дар китобхонаҳои Кашмир феҳристи 500 ҳазор намгӯй асарҳо ба забони форсӣ вуҷуд дорад, ки он барои муҳаққиқони тоҷик дастрас нест.
Майрам Исоева, ҳунарманди тоҷик зимни суханронӣ дар ин маҳфил таъкид кард, ки ҳоло тамоми дунё ба чунин шахсият, яъне Маҳатма Гандӣ ниёз дорад ва мо бояд фалсафаи зиндагӣ ва фаъолияти таҷрибаи арзишманди сиёсии ӯро биомӯзем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ