Таҷовуз буд ё набуд?

 

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон мегӯяд, хабарҳо дар бораи мавриди таҷовуз қарор гирифтани як зани 25-сола дар ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ асос надорад. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи “санҷиши холисона аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда шуд, ки дар ҳаракатҳои кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят дида намешавад”.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи санади тахшиси судӣ-биологӣ таҳти №119 аз 8 июли соли 2016 далели ҳодисаи таҷовуз ба номус исбот нагардидааст: “Бо қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ва дастрасии моддаҳои 27 қисми 1 сархати 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва 149 Кодекси ҷиноятӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бинобар тасдиқ нашудани гуноҳи онҳо рад карда шудааст”. 

18 ноябр Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар дод, ки маъмури милиса дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба номуси Малика, ҷавонзани 25-сола таҷовуз кардааст. Манбаъ афзуд, ҳодиса моҳи июни соли равон дар ҳоле рух дода, ки Малика (номи мустаор) дар пайи як муноқишаи маишӣ ба ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ оварда шудааст: “Корманди милиса бо тарсдиҳӣ ва таҳдиди зӯроварӣ ба номуси духтар таҷовуз кардааст”. Эътилоф мегӯяд, одатан дар чунин ҳолатҳо ҷабрдидаҳо аз ифшои қазия худдорӣ мекунанд, аммо Малика ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кӯмак хостааст. Ба иттилои манбаъ Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ҷабрдида дар пайи бефаъолиятии мақомоти милиса ва додситонӣ ба омбудсмен муроҷиат кардааст: “Инчунин ба далели эътимод надоштан ба додситонии маҳаллӣ вакили дифоъ хостааст, қазияи мазкурро Додситонии кулли Тоҷикистон баррасӣ кунад. Додситонии кул қарори муфаттиши ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодисаро бекор карда, маводро барои санҷиши такрорӣ ба додситонии ноҳияи Рӯдакӣ равон кардааст. Маълум шуд, ки санҷиши нав низ ба уҳдаи муфаттише гузошта шудааст, ки қаблан ифтитоҳи парвандаи ҷиноиро рад карда буд”. Ҷониби ҷабрдида аз додситонӣ хостааст, барои баррасии мунсифонаи қазия санҷиш ба уҳдаи муфаттиши дигар гузошта шавад: “Дархости мазкур айни ҳол аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад”. Ба иттилои Эътилофи зидди шиканҷа ташхиси мутахассис-равоншинос муайян намудааст, ки дар пайи зӯроварӣ ба ҷабрдида зарари маънавӣ расонда шудааст: “Дар асоси ин хулоса вакили дифоъ аризаи даъвогӣ барои рӯёндани зарари маънавӣ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро таҳия дорад, ки ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод хоҳад шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *