Таҷовуз ва куштори духтарчаи 12-сола аз ҷониби ҳамсоя
Дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон як сокини 29-солаи ноҳияи Узун бо гумони таҷовуз ба номус ва қатли ҳамсояи 12-солаи худ боздошт шудааст. Духтарча дар синфи 5-ум мехонд.
Яке аз фаъолони Узун гуфт, куштори бераҳмонаи духтари ноболиғ 25 сентябр рух додааст. Гумонбар духтарро нахуст таҷовуз карда, сипас барои пинҳон кардани нишонаҳои ҷиноят ӯро ба дор овехтааст. Манобеъ мегӯянд, падари духтар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст.
«Он рӯз духтарчаи 12-сола дар хона танҳо будааст. Мард, ки дар хонаи ҳамсоягӣ ба ҳайси таъмиргар кор мекард, бо баҳонае ба манзили онҳо даромада, духтарро танҳо ёфтааст ва ӯро ба таҳхона дароварда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас духтарро буғӣ карда, ба дор овехтааст «, — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора марде хабар додааст, ки бо гумонбар якҷо кор мекард ва он рӯз барои пайдо кардани ҳамкораш ба хонаи духтарча рафта, шоҳиди ҳодиса шудааст.
Дар Шуъбаи пулиси Узун гуфтанд, ки гумонбар гуноҳро ба гардан гирифтааст ва ба далели халал ворид нашудан ба раванди тафтиш аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд.
Додситонии кулли Ӯзбекистон 29 сентябр гуфт, ки шахси гумонбар дар ҳолати мастӣ духтарчаи 12-соларо ба қатл расондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ