Таҷовузгар ба номуси духтари 5-сола ҷазои сахт гирифт
Марди 31-сола, ки дар ноҳияи Пахтаободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба номуси духтари 5-соларо таҷовуз карда ва баъдан буғӣ карда кушта буд, ба 19 сол зиндон маҳкум шуд.
Марди 31-сола, ки дар ноҳияи Пахтаободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба номуси духтари 5-соларо таҷовуз карда ва баъдан буғӣ карда кушта буд, ба 19 сол зиндон маҳкум шуд.
Ин ҳодиса рӯзи 28 январи соли ҷорӣ рух дода буд.
Дар ҷараёни муҳокима дар додгоҳ рӯшан шуд, ки ин мард бо истифода аз хилват будани манзилаш духтарчаи 5-соларо, ки барои бозӣ кардан бо писари ӯ ба хонааш омада буд, таҷовуз кардааст.
Дар гузориши додгоҳ омадааст: “Вақте духтар фарёд зада, модарашро ба кумак даъват мекунад, таҷовузгар бо шарфи сафед ӯро буғӣ карда мекушад. Сипас, дар дохили хона чуқурӣ кофта ва ҷасади духтарчаро мегӯронад”.
Шоҳидон дар додгоҳ гуфтаанд, ки пас аз нопадид шудани духтарча хонаводааш дар ҷустуҷӯ аз пулис кумак хостааст.
“Як пойи туфличаи духтарак дар назди дарвозаи ҳамсоя афтодааст. Вақте пулис бо саги бӯйгир ин ҷоро ҷустуҷӯ мекунад, гӯри духтарча пайдо шудааст. Сипас, соҳиби хона дастгир шуд”-гуфтаанд шоҳидон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ