Таҷовузи духтари 12-солаи маъюб аз ҷониби ду мард
Даврон Тоҷибоеви 27-сола шаби 13 июл бо истифода аз оҷизӣ ва сустақлиаш як духтари маъюби 12-сола бо фиреб ба боми як бинои беодам дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд бурда, бо зӯр ба номусаш расидааст. Ӯ сипас рафиқаш Иброҳим Шариповро даъват кардааст ва Шарипов бо роҳҳои ғайрианъанавӣ низ ба номуси ин духтар расидааст. РВКД Суғд дар гузоришаш ин ду мардро, ки ҳоло дар ҳабс қарор доранд, «ҳайвонсират” меномад.
Даврон Тоҷибоеви 27-сола ва Иброҳим Шарипови 24-сола, ду сокини шаҳри Хуҷанд, ба таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғи маъюби 12-сола айбдор мешаванд. Ин ҷиноятро, ки рӯзи 13 июл сурат гирифтааст, кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ошкор кардаанд.
Бино ба гузориши Акбар Шарипов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ки шабакаи телевизионии СМ-1 нашр кард, шоми 13 июл як зани сокини Хуҷанд ба мақомоти милитсия хабар додааст, ки соати тахминан 21:30 духтари 12-солаи маъюбаш гум шудааст.
Акбар Шарипов мегӯяд, «кормандони милитсия худи ҳамон рӯз амали нописанди ду ҷавони ҳайвонсиратро ошкор карданд.”
Ба гуфтаи мақомот, сокини Хуҷанд Тоҷибоев Даврон Дадабоевич, соли таваллудаш 1991, ки соли 2014 бар асоси моддаи 237-уми Кодекси ҷиноӣ барои авбошӣ суд шуда буд, дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз сустақлӣ ва оҷизии ноболиғ истифода бурда, бо роҳи фиреб ӯро ба боми бинои кӯҳнаи аз истифода мондаи рақами 104-и кӯчаи Гагарин овардааст.
Дар инҷо, мегӯяд дар гузоришаш Акбар Шарипов, Даврон Тоҷибоев «ноҷавонмардӣ ва бадахлоқии худро собит намуда, бо зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз ва дигар ҳаракатҳои шаҳвонӣ кардааст. Сипас гумонбар Тоҷибоев баъди қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ, дидаву дониста, ки духтар дар баробари ноболиғ будан сустақл ва маъюб аст, рафиқи худ Шарипов Иброҳим Икромович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷандро барои ҳамхобагӣ бо духтарчаи оҷиз даъват кардааст. Иброҳим Шарипов, ки қаблан дар соли 2014 бар асоси моддаи 141-уми Кодекси ҷиноятӣ бо ҷурми алоқаи ҷинсӣ бо шахси ноболиғе, ки ба синни 16 нарасидааст, суд шуда бошад ҳам, боз ба рафиқаш пайравӣ намуда, нотавонии ноболиғро эътибор надода, бо роҳҳои ғайрианъанавӣ талаботи шаҳвониашро қонеъ кардааст.”
Даврон Тоҷибоев ва Иброҳим Шарипов дар ин гузориш ба таври муфассал чигуна фиреб дода бурдани духтари ноболиғу маъюб ва чигуна расидан ба номуси ӯро ҳангоми бозпурсӣ дар ҷои ҳодиса нақл мекунанд.
Мақомот дар мавриди ин ҳодиса бар асоси моддаи 138-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, Даврон Тоҷибоев ва Иброҳим Шариповро ба ҳабс гирифтаанд. Банди сеюми моддаи 138-уми Кодекси ҷиноятӣ барои таҷовуз ба номуси духтаре, ки синнаш бармало ба 14 нарасидааст, ҳамчун муҷозот аз 12 то 25 соли зиндон ва ҳатто ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ