Таҷовузи гурӯҳӣ дар Суғд
РВКД вилояти Суғд аз ошкор шудани як мавриди ғайриоддии таҷовуз ба номус хабар додааст.
Дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Суғд гуфта мешавад, ки рӯзи 25 окятбр, соати тахминан 22 сокини маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд Ашӯров Озарҷон Олимҷонович, соли таваллудаш 1993, оиладор бо мошини тамғаи «Опел-Астра” ҳамроҳи шиносаш Расулов Мухтор Фаррухович, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, низ оиладор, аз гардиши шаҳри Гулистон бевазан Солиева Иқболой Абдулваҳҳоб-қизӣ, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Хушманзараи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Мастчоҳро, ки золо муваққатан дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекард ва зоҳиран аз ҳисоби танфурӯшӣ рӯз мегузаронд, ба мошин савор карда, ӯро барои алоқаи ҷинсӣ дар ивази 100 сомонӣ розӣ кунондааст.
Сипас онҳо Иқболой Солиеваро ба хонае, ки сокини муҷарради деҳаи Навободи ноҳияи Мастчоҳ Ғоибов Азиз Абдушукурович, соли таваллудаш 1995 дар ноҳияи Б.Ғафуров, кӯчаи А.Нозиров муваққатан зиндагӣ мекард, бурдаанд.
Маркази матбуоти РВКД Суғд меафзояд: «Сипас Расулов М.Ф. бо розигии Солиева И.А. як маротиба бо охирон алоқа мекунад. Баъдан Ғоибов А.А. ва Ашӯров О.О. ба Солиева И.А. таклифи алоқаи ҷинсӣ мекунанд, ки номбурда рад карда розӣ намешавад. Ғоибов А.А. бо дасти чапаш аз мӯи сар ва бо дасти росташ аз пои Солиева И.А. дошта, то ба қадаш бардошта ба тарафи чапаш ба рӯи фарши хона зада, бо ҳамроҳии Ашӯров А.А. латукӯб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, охиронро ба ҳолати беҳушӣ меоранд.”
Баъди чунин ранг гирифтани кор, Мухтор Расулов ба сару рӯи Иқболой Солиева об пошида, ӯро ба ҳуш меорад ва ба ҳаммом бурда, дастру рӯяшро мешӯяд.
Аммо азобу уқубати Иқболой Солиева бо ҳамин тамом намешавад.
Маркази матбуоти РВКД Суғд менависад: «Ашӯров О.О. шариконашро аз ҳуҷра бароварда, бо истифодаи зӯроварӣ ба номуси Солиева И.А. таҷовуз карда, нафси шаҳвониашро қонеъ мегардонад. Гоибов А.А. ба ҳуҷра даромада, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ бо Солиева И.А. алоқаи ҷинсӣ карданӣ мешавад, ки охирон рад карда, баромада рафтанӣ мешавад. Аз ин рафтори ӯ Ашӯров О.О. боз Солиева И.А.-ро латукӯб карда, маҷбур мешуданд, ки бо Ғоибов А.А. низ алоқаи ҷинсӣ кунад. Ғоибова А.А. низ бо истифодаи зӯроварӣ ва бидуни хоҳиш ва розигии Солиева И.А. бо ӯ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Ашӯров О.О. аз тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудан рафти охири содиршавии алоқаи ҷинсии онҳоро дар телефони мобилиаш сабт мекунад.”
Нисбат ба Азиз Ғоибов ва Озарҷон ПАшӯров бар асоси моддаи 138, қисми дуи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Шарики сеюми онҳо Мухтор Расулов бар асоси моддаи 347 ба хабар надодан ба мақомот айбдор мешавад, чунки «Расулов М.Ф. дидаву дониста, ки рафиқонаш Ғоибов А.А. ва Ашӯров О.О бо истифодаи зӯроварӣ таҷовуз карда истода, ҷинояти вазнин содир намуда истодаанд, садди роҳи онҳо нашуда, дар бораи ҷинояти содирнамудаи онҳо ба мақомоти дахлдор хабар надодааст.”
Тафтиши ин қазия идома дорад.
РВКД Суғд қаблан хабар дод, ки танҳо дар як моҳи охир дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он дастикам 4 зани танфурӯши гирифтор ба вируси норасоии масунияти бадан (ВНМО, ВИЧ-СПИД) дастгир кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ