Тағояк: Чаро 9 нафар дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ ҳастанд?

 Яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Спитамен-Тағояк, ки мардумаш асосан ба деҳқонӣ машғуланд 9 нафар дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд, ки аз ин шумора ду нафар оилавӣ бенишон гаштаанд. Муовини ҷамоат- Шӯҳрат Бердиёров сабаби асосиро ба муҳоҷирати бардавом рабт дода мегӯяд: -Аз соли 2010 то имрӯз аз ҷамоати мо 9 оила беному нишон гум шудааст ва нисбати ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар кофтукоби расмӣ қарор доранд. Вазъияти ҳамаи ин хонаводаҳо ба мо маълум аст,   ки  ҳамаи онҳо расман бекор буданд.

Албатта дар ҷамоат ба корҳои деҳқонӣ машғул мешуданд, вале танҳо аз ҳибоси кишт зиндагии худро пеш бурданашон мушкил буд. Нӯҳ оилае, ки дар кофтукоб ҳастанд  маҳс аз сабаби бекорӣ  рӯ ба муҳоҷират оварда буданд.  Шароити  иқтисодии ҳамаи ин оилаҳо бисёр танг асту ба кӯмаки моддӣ ниёз доранд.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *