Таҳримҳои ҳавоии байни Русияю Тоҷикистон бардошта шуданд

Дар ҷараёни музокироти рӯзи 4 апрел дар Маскав мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд. Қарор шуд, ки ҳарду ҷониб таҳримоти то имрӯз ҷорикардаашонро аз байн бардоранд ва парвозҳо байни ҳарду кишвар пурра барқарор карда шаванд.

Тоҷикистон шартҳои Русияро қабул кард ва розӣ шуд, ки ба ҳамаи 4 парвози баҳсии ширкати русии «Уралские авиалинии” иҷозат диҳад.

Вазорати нақлиёти Русия хабар дод, ки намояндагони мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон дар музокироти рӯзи 4 апрел дар Маскав ба тавофуқи комил даст ёфтанд. Намояндаи вазорати нақлиёти Русия гуфт, бар асоси ин тавофуқ, тамоми маҳдудиятҳои то имрӯз ҷоришуда аз ҷониби ҳарду кишвар аз байн бардошта мешаванд ва Русия таҳримоти наверо, ки мебоист аз 5 апрел ҷорӣ кунад, ба иҷро намедарорад.

Намояндаи вазорати нақлиёти Русия гуфт: «Ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои мусофиркаши таъйиншударо дар ҳаҷми на камтар аз ҷадвали парвозҳои мавсими зимистони солҳои 2017-2018 ба сурати пурра тасдиқ карданд. Бар илова, дар ҷадвали тобистона дар рӯйхати парвозҳо боз 4 хатсайри нав: Перм – Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар — Хуҷанд илова карда мешавад.”

Маҳз иҷозат надодани мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба ин 4 парвози ширкати русии «Уралские авиалинии” дар ибтидои моҳи март боиси таниши нав байни Маскав ва Душанбе шуда буд.

Русия аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки барои музокира рӯзҳои 22-23 март ба Маскав ҳозир шаванд. Вақте аз Душанбе касе наомад, Русия бори дуюм аз Душанбе хост, ки то 1 апрел ҳайъаташро ба Маскав фиристад. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, ҳашӯз барои музокирот омода нест ва беҳтар ин аст, ки музокирот рӯзҳои 6-7 апрел ва дар Душанбе доир шавад.

Русия дар посух аз 2 апрел 9 парвози ширкати тоҷикии «Сомон Эйр” дар хайтсайрҳои Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Қазон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷандро манъ кард. Ширкати «Сомон Эйр” бо узрхоҳӣ аз муштариёнаш хабар дода, ки муҳлати амали иҷозатномааш барои иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд низ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.

Тоҷикистон дар посух ба ин таҳримот аз 2 апрел парвозҳои 4 ширкати ҳавопаймоии русии «Уралские авиалинии”, «Сибир”, «Северний ветер” ва «UTair” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро бекор мекунад. Дар маҷмӯъ, парвозҳои ширкатҳои русӣ дар 11 хатсайри байни Тоҷикистону Русия бекор кард. Бар асоси телеграммаи мақомоти авиатсионии Тоҷикистон, иҷозатномаи парвозҳо ба Душанбе аз шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург ва Самара ва парвозҳо ба Хуҷанд аз Новосибирску Санкт-Петербург ва Самараву Сургут бозхонда шудааст.

Русия низ суст наомад ва эълон кард, ки аз 5 апрел ба зидди ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон таҳримоти нав эълон мекунад. Ин таҳримот асосан парвозҳои ширкатҳои «Тоҷик Эйр” ва «Сомон Эйр” дар хатти Душанбе – Маскав ва ҳамчунин аз Душанбеву Хуҷанд ба шаҳри Новосибирски Русияро дар бар мегирад: «Мақомоти авиатсионӣ аз соати 00:00-и 5 апрел иҷозатномаҳои қаблан додашуда ба ширкатҳои «Тоҷик Эйр” ва «Сомон Эйр” барои анҷоми парвозҳо дар хатсайрҳои: Новосибирск – Хуҷанд ва Новосибирск – Душанберо ва ҳамчунин 5 парвози ширкати «Тоҷик Эйр” ва 4 парвози «Сомон Эйр” дар хатсайри Маскав — Душанберо боз мехонанд.”

Вазорати нақлиёти Русия гуфт, сабаби ин чора ин аст, ки «Тоҷикистон нафақат дархости парвозҳои ширкати русии «Уралские авиалинии”-ро тасдиқ накард ва ба пешниҳоди баргузории музокирот дар шаҳри Маскав низ посух надод, балки ҳамчунин иҷозатномаҳои қаблан додааш ба ширкатҳои русӣ барои анҷоми парвозҳо дар як қатор хатсайрҳоро боз хонд.”

Рӯзи 3 апрел вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як изҳороти вижа ҷониби Русияро ба истифодаи фишор дар баҳси масоили парвозҳо бо Душанбе айбдор кард. Душанбе истифодаи мақомоти авиатсионии Русия аз шеваи фишорро бесамар хонда, гуфт, чунин шева ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар зиёни сангини иқтисодӣ мерасонад.

Ҷанги нави ҳавоӣ байни мақомоти Русияву Тоҷикистон дар ҳоле даргирифтааст, ки мавсими нави сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия дар нуқтаи авҷаш қарор дорад. Ва аз таниши байни мақомоти авиатсионии Маскаву Душанбе асосан муҳоҷирон зарар мебинанд.

Ин бори аввал нест, ки байни Русияву Тоҷикистон бар сари шеваи анҷоми парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ин ду кишвар чунин танишҳои шадид рух медиҳанд.

Аз ҷумла моҳи декабри соли 2016 Тоҷикистон ба ширкати русии «Ямал” иҷозат надод, ки аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз анҷом диҳад. Ин моҷаро, ки то моҳи майи соли 2017, яъне қариб ним сол давом кард, боиси ду дафъа ба зидди Тоҷикистон ҷорӣ кардани таҳрими парвозҳо аз тарафи Маскав шуд.

Русия дар посух рӯзи 22 декабри соли 2016 ширкати «Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро аз ҳаққи парвоз ба шаҳрҳои Русия, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург маҳрум кард. Душанбе дар посух ба зидди ширкатҳои русии «Уралские авиалинии” ва ЮТЭйр таҳримот ҷорӣ кард.

Рӯзи 27 январи соли 2017 дар ҷараёни иҷлосияи комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тавофуқ шуд, ки Тоҷикистон ба ширкати «Ямал” дар мавсими тобистона иҷозати парвоз ба Душанбеву Хуҷандро медиҳад. Дар иваз Русия ба «Сомон Эйр” иҷозат дод, ки парвозҳои манъшудааш ба музофотҳои Русияро аз моҳи феврал барқарор кунад.

Ҷониби Тоҷикистон исрор меварзид, ки дар ин баҳсҳо аз манфиати ширкатҳои ватанӣ ҳимоят мекунад ва мехоҳад асли паритет дар анҷоми парвозҳо байни пойтахтҳои Русияву Тоҷикистон риоя шавад. Аммо ширкатҳои русӣ мегуфтанд, як мояи аслии ихтилоф нархи парвозҳост, чунки ширкатҳои русӣ билетҳои худро бо нархи нисбат ба ширкатҳои Тоҷикистон хеле арзонтар мефурӯшанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *