Таҳсили 12 сола аз 1 август

Эҳтимол меравад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти миёнаи мактабӣ ба 12 сол расонида шавад. Дар ин бора Саид Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод.

Бино ба гуфти вазир лоиҳаи ин тағйирот ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуда, интизори имзои раиси Ҳукумат аст ва қарор аст, ки то соли 2020 -2021 таҳсилоти миёнаи мактабӣ аз 11 ба 12 сол расонида шавад. Ба гуфти вазир ин ташаббус ба хотири афзудани буҷаи вақт ва омӯзиши касб аз ҷониби толибилмони макотиби миёна мебошад.

Ҳамчунин вазир доир ба пешниҳои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавриди тағйири оғози таҳсил аз 1 сентябр ба 1 август гуфт, ки ин пешниҳод мақбул дониста шуд ва шурӯъ аз ҳамин сол толибилмони синфҳои якум аз оғози моҳи август ба мактаб ҷалб карда мешаванд. Оғози дарси дигар синфҳо ҳамонон 1 сентябр боқӣ мемонад.

«Ин ба хотири мутобиқ шудани хонандагони синфи якум ба муҳити мактаб аст. Тӯли як моҳ муаллима кӯдакро чӣ гунна дар парта нишастан, даст бардошта суол додан, иҷозат пурсида берун баромадан ва дигар одоби мактабиро меомӯзонад»- афзуд вазир.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *