Тақвияти чораҳои амниятӣ дар рӯзҳои ид
Дар иртибот ба 28-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар чораҳои амниятиро тақвият додаанд.
Дар назар аст аз 7 то 13 сентябр дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ ташдид шуда, маҳали таҷаммӯи сокинон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ посбонӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр ҷашни истиқлол дар саросари кишвар ба таври тантанавӣ таҷлил мегардад.
Интизор меравад дар рӯзҳои ҷашнӣ агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун расман ба кор дарояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ