Тағйирот дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд

18 апрел Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба ҳайси муовинони раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуданд. Нуруллозода дар шаҳрдорӣ умури маорифу фарҳанг ва масоили иҷтимоиро бар ӯҳда мегирад ва Абдуқаюмзода – масъулияти баъшҳои иқтисод, саноат ва энергетикаи ҳукумати шаҳри Хуҷандро.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 18 апрел дар як ҷаласаи корӣ муовинони худро муаррифӣ кард.

Бино ба ин манбаъ,Маъруф Муҳаммадзода бо розигии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мақоми муовинҳои раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзодаро таъйин кардааст: «Маъруф Муҳаммадзода ба шахсони ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида, муваффақиятҳо таманно намуд.

Фирӯза Нуруллозодахатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлати Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла то ба вазифаи декани факултети забонҳои шарқ фаъолият намудааст. Хонум Нуруллозода акнун дар мақоми муовинираиси шаҳр масъулияти умури маориф, фарҳанг ва масоили иҷтимоиро ба ӯҳда мегирад.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, ки ҳамчун муовини раиси шаҳри Хуҷанд умури иқтисод, саноат ва энергетика дар маркази маъмурии вилояти Суғд ба дӯшаш гузошта мешавад, риштаи иқтисодии ДДХ-ро хатм кардааст. Абдуқаюмзода то кунун дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, дар мақоми мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи ин муассисаи олӣ фаъолият дошт.

Барои Ҷамшед Абдуқаюмзода мақоми муовини раиси Хуҷанд ин аввалин таҷрибаи кор дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вале Фирӯза Нуруллозода қаблан дар солҳои 2010-2011 мудири шуъбаи занони ҳукумати Хуҷанд буд.

Худи Маъруф Муҳаммадзода 55 сол дошта, 31 марти соли 2017 бо фармони президент ба ҷои Шариф Файз Шарифзода ба мақоми раиси шаҳри Хуҷанд омад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *