Тағйироти кадрӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон

Имрӯз Муъмин Шарифзода аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуда, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Аз рӯйи манбаъҳои муътамади расмӣ, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров, ки то ин замон сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе буд, таъин гардидааст.

Инчунин, ба вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қудратулло Давлатзода таъин шудааст. Номбурда то ин замон декани факултети иқтисод ва идоракунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Ҷӯрабоев Ҷамшед –ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Идиев Хайриддин- ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъин гардида, Латифзода Диловар аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *