Тағйироти кадрӣ дар вазорати иқтисод
Имрӯз муовини якуми вазири иқтисод Саидраҳмон Назризода, сармушовири иқтисодии президенти Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва мудири мактаби президентии шаҳри Ҳисорро аз мақомҳояшон озод карда шуданд. Завқизода ба ҷои Назризода муовини вазири иқтисод таъйин шудааст. Ин таъйинот як моҳ баъди боздошти як мансабдори вазорати иқтисод бо ним милллион доллар пора сурат гирифт.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як амр мушовири калони бахши ёрдамчии президент дар умури иқтисодӣ Завқизода Завқӣ Аминро «бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз ин мақом озод кард. Бино ба хабарҳои расида, Завқизода ба мақоми муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъйин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ