Тағйироти нави кадрӣ
Рӯзи 12 декабр бо фармонҳои президенти Тоҷикистон раисони ду шаҳру се ноҳия иваз карда шуданд.
Аз ҷумла, Раҷабова Давлатбибӣ Сайфиддиновна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон(собиқ Қайроққум), Боҳирӣ Ғайбулло Нозир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Конибодом, Ёқубзода Умар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон ва Вализода Сулаймон Кабут бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Фархорозод карда шуданд. Бо фармонҳои президент, Ҷабори Қосим иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ, Шарифзода Фирдавс иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Давлатзода Зафарбек иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом, Ҷалилзода Ашуралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон ва Раҳматзода Рустам Мирзо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор таъйин шуданд. Ҳамин тавр, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон аз 12 декабр Исмоилова Вера Рустамовна Директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» таъин карда шуд.Бо қарори дигари ҳукумат Убайдзода Иззатулло аз вазифаи муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Далели барканории Убайдзода дар қарор гуфта нашудааст.Барканории Давлатбибӣ Раҷабова дар идомаи тағйироти кадриест, ки аз моҳи сентябр ба ин тараф дар вилояти Бадахшон идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр дар мулоқоташ бо роҳбарони ва сокинони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз раиси ноҳияи Ванҷ башиддат интиқод карда буд ва ин ҳатто боиси дар ҳамон ҷаласа дучори сактаи қалб шудану дар роҳ ба бемористон фавтидани бародари Давлатбибӣ Раҷабова шуда буд.Аммо барканории Сулаймон Вализода аз мақоми раиси ноҳияи Фархор дар пайи нашри як навори раисони ҷамоатҳоро дашномҳои қабеҳ додани ӯст. Ин навор тобистон, дар айни авҷи маъракаи аз мардум ҷамъ овардани пули фитри рӯза дар сомонаи «Ахбор» нашр шуд ва ба дунбол, додситонии минтақаи Кӯлоб хабар дод, ки рафтори раиси ноҳияро таҳти тафтиш қарор додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ