Таассуфи Шералӣ Кабир аз коркарди ками пахта дар Тоҷикистон
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз фоизи кам коркард шудани пахта дар дохили кишвар изҳори таассуф кард.
Ӯ дар мусоҳиба бо маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” гуфтааст, ки мутаассифона, то имрӯз танҳо 20-25 фоизи пахтаи мо дар дохил коркард мешавад.
“Аз рӯйи ҷамъбасти мо соли гузашта аз ҳисоби содироти ришта, маҳсулоти тайёр 302 млн доллар ҳосил шудааст. Ин рақам аз 136 ҳазор тонна нахи пахтаи истеҳсолшуда, албатта, омори зиёд нест. Дар кишварҳои ҳамсоя дар ин самт вазъ дигар аст. Мо ҳам талош дорем. Аз ҷумла, охири соли гузашта Стратегияи миллии коркарди пахта ва рушди пахтакорӣ қабул гардид, ки ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор бояд тибқи он фаъолияти худро ба роҳ монанд. Ҳоло сохтмони корхонаи калонтарини коркарди пахта дар Кӯлоб дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ идома дорад. Он 130 ҳазор тонна пахтаро коркард ва 42 ҳазор тонна ришта истеҳсол менамояд. Лоиҳа 360 миллион доллар арзиш дошта, 11 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд меорад. Дар нақша сохтмони 6 чунин корхонаи калонро дар шаҳру ноҳияҳо дорем, ки барои коркарди пахта иқдоми муҳим хоҳад буд”,-изҳор дошт Шералӣ Кабир.
Ҳамчунин, Шералӣ Кабир зимни мусоҳиба изҳор доштаат, ки дар Тоҷикистон 72 корхонаи истеҳсоли равған мавҷуд аст. Иқтидори истеҳсолиашон қариб 100 ҳазор тонна маҳсулот мебошад. Талаботи бозори кишвар бошад, ба равған 136 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. “Вале корхонаҳо куҳнаанд. Пешвои миллат дастур доданд, ки 4 корхона бозсозӣ шавад.
Баъзеҳо фикр доранд, ки чун мо пахта дорем, барои истеҳсоли равған мушкиле нест. Дар асл аз ашёи хом мушкил дорем. Барои ҳосил кардани 100 ҳазор тонна равғани рустанӣ 833 ҳазор тонна зироатҳои равғандиҳанда масраф мешаванд. Дар Тоҷикистон 192 ҳазор тонна ашёи хом дорем. Яъне қариб чор маротиба намерасад. Дар натиҷа ҳамасола барои хариди равғани рустанӣ аз Қазоқистон, Украина ва Русия ҳудуди 100 млн доллар сарф мекунем”,-иброз доштааст вазири саноат.
Ба таъкиди Шералӣ Кабир, дар нимсолаи аввали 2024 назар ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти равған 7 дарсад кам шудааст. Дар робита ба ин, ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият сар кардаанд ва ин масъала ҳалли мусбат меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ