Таассуфи шогирд пас аз марги устод: ҳама чизро аз даст додам

Як мафҳуме ҳаст: «Озодазодагон», яъне шахси зиёӣ, озодфикр, бофарҳанг, инсондӯсту хайрхоҳ, назаркардаи Худованд. Устод Убайдулло Раҷабов  аз зумраи  шахсони Озодазодагон буданд.

Соли 1989. Толори Театри давлатии академӣ — драммавии ба номи А.Лоҳутӣ. Пас аз чанде намоиши  спектакли  кори дипломии мо «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим, дар таҳияи роҳбари бадеии курси мо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева оғоз мешавад. Мо хатмкунандагони шӯъбаи маҳорати актёрӣ аз сӯрохии  хурдакаки пардаи саҳна бонавбат, бо як ҳаяҷону тарс, хушбахтӣ ва интизорӣ ба толор нигоҳ мекунем, чунин овозҳо садо медоданд: «Бачаҳо, ректор Меҳрубон Назаров омаданд!», «Ана, устод  Низом Нурҷоновро дидам!», «Ҳабибулло Абдураззоқову Шамсӣ Қиёмов бо устод Ато Муҳаммадҷонов!», «Хушназар Майбалиев омаданд!», «Ман, устод Убайдулло Раҷабовро мебинам бо Тамара Абдушукурова!» Бале, иштироки чунин шахсиятҳои шинохтаи санъати театрӣ дар дили мо ҳаяҷону масъулиятро дар намоиши кори дипломӣ бештар мекард. Ин буд, ки якбора Ҷаъфар зуд ба такрор намудани матни нақши «Девона», дигарон ба такрори диалогҳои қаҳрамононашон шурӯъ карданд.

Баъди намоиш  устод Марям Исоева гуфтанд:  «Спектакл дар як нафас гузашт. Офарин фарзандонам, нағз, «темп» яъне, набзи намоишнома буд, бозиятон бисёр самимиву табиӣ баромадаст”. Ин суханонро гуфта, маро таҳният гуфтанд, муаллимаи мо.

 Аз се намоиши кори дипломии мо танҳо чанде аз устодону ҳунарпешагони шинохта ба паси парда омада, табрику таҳният мегуфтанд, ки дар миёни онҳо устоди некбин Убайдулло Раҷабов буданд.

Пас аз ду ҳафтаи намоишҳои кори дипломиамон маро устод Убайдулло Раҷабов ба наздашон даъват намуданд. Устод дар бораи ба фаъолият оғоз намудани Театр — студияи «Оина» ва оид ба идома додани фаъолияти кориву эҷодиям, ҷойи истиқомат сухан кушоданд. Даъват самимӣ ва хайрхона буд… Ман гуфтам, ки фикр мекунам. Ана, зиёда аз 30 сол боз фикр мекунам, ки шояд имконияти хуберо аз даст додаам…

Ман низ ба мисли бисёр аз ҳаводорону пайравони  санъату ҳунару истеъдоди устод,  гаштаву баргашта китоби «Дар паси оина»-ро хондам. Тамоми ҳаёти устод, муҳити  хонаводагӣ, деҳаи зебоманзари Давлатшоён, сафар барои хондану касбомӯзӣ ба сӯи Душанбе, хулоса роҳи тайкарда ва зиндагиномаи устод пеши назар меояд, ки ҳама саршор аз нури маърифату фарҳанг аст. Бале, устод зебопарастӣ, эҳтирому меҳрубонӣ, табъи нозук, дӯст доштанро аз волидон мерос гирифтаанд.

   Дар ҳақиқат чун ба зиндагӣ ва кору фаъолият устод назар менамоем, пеши назар муносибати некхоҳона, чеҳраи нуронии Убайдулло Раҷабов меояд.  Боре устод маро барои иштирок дар барномаи консертии давлатии «Рӯзи модарон», ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда мегузашт, даъват намуданд. Бо тавсия ва маслиҳату раҳнамоии устод ман як баромади эстрадӣ, яъне монолог бо тақлидкориҳо тайёр намудам. Дар  пайи чанд рӯзи тамрин устод гаштаву баргашта  маро ба саҳна даъват мекарданду тамрин ва роҳнамоӣ менамуданд. Оҳиста — оҳиста ҳаяҷонам кам шуда, ба гуфти мардум «шерак» шудам, чунки монолог пухта шуда буд. Аҳамият  додам, ки устод Убайдулло Раҷабов нисбат ба  ҳар як ҳунарманд чунин муносибат мекарданд, яъне мо хайрхоҳиву истеъдоди ғайриоддӣ дар муомила нисбат ба ҳунармандонро медидем. Аз 24 қисмати консертӣ, устод бо ҳар як ҳунарманд дар алоҳидагӣ тамрин мегузаронданд.  Дарк ва фаҳмиши хуби мусиқӣ, ҳофиза ва табъи нозуки модарзориву серталабиву меҳнатдӯстиро дар корашон  дида, эҳтиром ва эътиқодамон нисбат ба  устод Убайдулло Раҷабов афзуд.

Боре  дар идораи дубляжи ТВ «Сафина», ман ба дубляжи филми «Муҳаббати ҳамкорон»-и (“Служебный роман”) Элдар Рязанов дар коргардони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Мастура Ортиқзода даъват шуда будам. Дар рафти кор,   нақши ман, ки «Самохвалов» буд, режиссёри дубляж Мастура  ба ман эрод гирифта,  2-3 маротиба хоҳиши «боз ҳам бурротар  таллафузи матнро, ба назар гирифтани таҳтулматни ҷумла»-ро талаб намуданд. Ман каме асабонӣ шуда, баҳона пеш оварда, гуфтам, ки «тезтар сабт кунед, ки ман бениҳоят кори зарур дорам». Режиссёри дубляжи филм Мастура каме хомӯш истода, гуфт: «Аловуддин сабру тоқат, таҳаммул ва муносибати ҷиддӣ ба касбу корамонро, аз устод Убайдулло Раҷабов бояд омӯзем. Ман то 7-8 маротиба ҳар сухан, ҳар як ҷумларо бо устод тамрин ва сабт карда мегирам, дар охир устоди меҳнатдӯсти мо ба хастагиашон нигоҳ накарда, чунин мегӯянд: «Мастура, як бори дигар сабт мекунем!».

        Намоишномаҳо ва саҳнаҳои бо коргардони ва ҳунарнамоии устод Убайдулло Раҷабовро дида, оид ба маҳорат ва истеъдоди баландашон мехоҳам чанд ҳарфе бигӯям. Устод чун ҳунарпеша дар баробари офаридану иҷроиши ин ё он нақшашон санъати  таҷассумкорӣ, санъати иртибот бо тамошобин, санъати зебои «импровизатсия», яъне бадоҳатан эҷод ва иҷро намудани саҳна, ба бози даровардани ҳар як ҷузъу ашёи саҳна, маҳорати бузурги  хандонидани тамошобинонро доранд. Устод дар ҳақикат чун мураббии хайрхоҳ омӯзондани касбро, таълиму маслиҳат доданро дӯст медоранд. Пӯшида нест, ки ҳамаи мо аз устод Убайдулло Раҷабов нозукӣ, равшанӣ ва бадеиятро дар пешниҳод ва иҷрои ҳар як нақш омӯхтаем. Чи сире ниҳон аст дар маҳорату истеъдоди ӯ?  Ман фикр мекунам, бурди ӯ пеш аз ҳама дар серталабиву меҳнатдӯстӣ ва сабру тоқати устод Убайдулло Раҷабов аст. Алишер Навоӣ мефармояд: «Онеро, ки сабру тоқат аст, аз барги сабз абрешим ва аз гул ангубин месозад». Мо медонем, ки устод бе тамошобин, бе кору фаъолияти эҷодӣ зистан наметавонистанд. Чун ба ҳаёту фаъолияти устоди соҳибному соҳибҳунарамон назар мекунем ва мебинем, ки дар давоми зиндагиашон устод Убайдулло Раҷабов бо чӣ қадар хандаҳову гиряҳо, афтиданҳову хестанҳо, баландиҳову пастиҳо, муҳаббату хиёнатҳо, мардиву номардиҳо рӯ ба рӯ шудаанду обутоб ёфтаанд. Рӯҳи бузург, дили беғараз, муҳаббати самимӣ, дидадароӣ, садоқату вафодории устод Убайдулло Раҷабов барои мо шогирдону пайравонаш мактаб аст.

Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон     

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *