Табдили масҷид ба беморхона

Дар наздикии шаҳри Бишкеки Қирғизизтон аз сабаби пур будани беморхонаҳои маркази аз беморони гирифтори каронавирус як масҷид ба беморхона табдил дода шуд.

Гуфта мешавад, ки бархе аз пизишкон баъди кори асосии худ, дар беморхонаи саҳроие навбатдорӣ мекунанд, ки дар бинои масҷид боз шудааст. Масҷиде, ки ба беморхона табдил шудааст, тақрибан ҳамаи шароити нигаҳдории беморонро дорад.

«Сокинони маҳаллӣ ба зудӣ розӣ шуданд, ки масҷид ба беморхона табдил шавад. Кату болин оварданд. Ҳамаи васоили заруриро хариданд. Худи сокинон доруву маблағ оварданд. Ман интизор надоштам, ки сокинон ин гуна вокуниш мекунанд»,-гуфт Муҳаббат, пизишке, ки дар беморхонаи саҳроӣ фаъолият дорад.

Қирғизистониҳое, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, бо мушоҳидаи муттаҳидии сокинони деҳа, дасти ёрӣ дароз карданд. Кӯмакҳо ба ин масҷиди ба беморхонаи саҳроӣ табдил шуда аз Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Чехия расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *