Табиб 8 ҳазор доллар рухсатпулӣ гирифт

барои 34 соли фаъолияти бе танаффус 8,2 ҳазор доллари ИМА ба нафъи Қаюмов ҳамчун рухсатпулӣ рӯёнида шавад.

Дар Ӯзбекистон ба табиб Х.Қаюмов барои истифода накардани рухсатии меҳнатӣ давоми 34 соли фаъолият 68,9 млн сӯм (бештар аз 8 ҳазор доллар) рухсатпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора аз Эътилофи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон хабар доданд.

Х. Қаюмов сар аз соли 1978 то соли 2018 дар бемористони вилояти Ҷиззах бе танаффус фаъолият кардааст. Аммо замони қатъи шартномаи меҳнатӣ ба ин табиб ҷуброни рухсатиҳои меҳнатиаш пардохта нашуд.

Қаюмов ба иттифоқҳои касаба муроҷиат ва аз ин тариқ ҳақталошӣ кард. Иттифоқи касаба тавассути додгоҳ аз ҳуқуқи табиб ҳимоят кард.

Дар ниҳоят додгоҳ қарор қабул кард, ки аз корфармо барои 34 соли фаъолияти бе танаффус 8,2 ҳазор доллари ИМА ба нафъи Қаюмов ҳамчун рухсатпулӣ рӯёнида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *