Табиби мардумӣ пойи дардмандамро табобат кард

Чандест, ки аз дарди пой азият мекашам. Борҳо ба табибон муроҷиат кардаму аз доруҳои мухталиф истифода бурдам, вале шифо наёфтам. Рӯзе ҳамсояам Файзалӣ Авғонов аҳволамро пурсид. Гуфтам, ки пойи ростам дард мекунаду касе давояшро намеёбад. Ӯ ба ман табиби мардумӣ Худойдод Саидовро тавсия кард.

Худи ҳамон рӯз ба деҳаи Гулистони шаҳраки 30-солагии Истиқлол ба назди ин табиб омадам. Ҳамшираи навбатдор Гулъизор Толибова маро ба назди духтур роҳнамоӣ кард. Ӯ пойи дардманди маро аз ташхис гузаронида, аз гиёҳҳои шифобахши тахач, қиёми арчахораку қиёми зирк дору омода карда дод. Баъди чанд рӯз дарди поям гум шуду шукр, ки феълан саломат ҳастам.

Табиб Худойдод Саидов 33 сол аст, ки ба мардум хизмат мекунад. Бо ифтихорномаҳову сипосномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раиси ноҳияи Файзобод қадрдонӣ шудааст. Ӯ бо истифода аз растаниҳои шифобахши диёр садҳо беморро табобат кардааст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар аз шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзободу Нуробод барои ташхису табобат ба ӯ муроҷиат мекунанд. Кош сафи чунин табибон дар кишвари мо зиёд бошанд.

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *