Табиби маъруф ба Китобхонаи миллӣ 800 китобашро туҳфа кард

Пизишки кӯдакон Нафиса Расулова, ки тамоми умр дар бахши кӯдакони Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст, 800 китобашро, ки дар миёни онҳо китобҳои гаронарзиши тиббӣ низ зиёданд, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа кардааст.

Бино ба иттилои КМТ, аз ҷумлаи ин китобҳо “Энсиклопедияи тиббӣ” аст, ки ин шабу рӯз барои толибони илми тиб чун обу ҳаво зарурист ва ҳамчунин даҳҳо китоби пурарзиши дигари илмиву бадеӣ.

Бояд гуфт, ки Нафиса Расулова борои талошҳову саҳмгузорӣ дар илми тиб ба як қатор унвонҳо сазовор гардидааст. Табиби дараҷаи олӣ ва Аълочии тандурустӣ аз унвонҳои ин табиби ҳозиқу меҳрубон аст, ки умрашро ба хидмати мардум бахшидааст.

Ҳарчанд ҳоло бознишаста аст, ба беморон ва донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ машварат медиҳад. Муаллифи чандин дастурҳои таълимӣ низ ҳаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75