Табиби рабудашуда пас аз ҳафт соли асорат наҷот ёфт

Вазорати корҳои хориҷии Австралия аз раҳоии табиби ҳафт сол пеш дар Африқо рабудашуда хабар дод.

Вазорат гуфт, табиби австралиягӣ Кеннет Эллиотт, ки беш аз ҳафт сол пеш аз сӯи ҷангҷӯёни исломӣ дар Буркина Фасо рабуда шуда буд, раҳо шудааст.

Эллиот ва ҳамсараш дар миёнаҳои моҳи январи соли 2016 дар минтақаи Барабуле дар шимоли Буркина Фасо дар наздикии марз  рабуда шуданд. Масъулияти одамрабоиро гурӯҳи террористии Ал-Қоида* дар кишварҳои Мағриби исломӣ (AQIM) бар ӯҳда гирифт. Пас аз як моҳ зан озод карда шуд.

Пенни Вонг, вазири умури хориҷии Австралия дар як изҳорот гуфт: «Ман бо хушнудӣ эълон мекунам, ки доктор Кеннет Эллиотт пас аз  ҳафт соли асорат дар Африқои Ғарбӣ раҳо шуд. Ӯ сиҳату саломат аст ва бо ҳамсараш Ҷоселин ва фарзандонаш дубора вохӯрдааст».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *