Табиби тоҷик “Қаҳрамони халқии Доғистон” шуд

Табиби тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ “Қаҳрамони халқии Доғистон” шуд. Дар ин бора журналист Саидбурҳон Икромӣ бо нашри акси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи унвон хабар дод.

Аз шаҳодатнома бармеояд, ки унвони “Қаҳрамони халқии Доғистон”-ро Ҳаракати ҷамъиятии “Доғистони маҳбуб” (Родной Дагестан) ва Фонди минтақавии “Афкори умум” (Народное мнение) санаи 9-уми сентябри соли 2023 ба Муллозуҳур Тоҳирӣ барои хизматҳои мондагор дар назди ҷамъияти гуногунмиллати Доғистон бо имзои Х. Т. Довудов додаанд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи тиби тоҷик, равонпизишк, кардиолог ва гиёҳшинос аст. Номбурда аз зумраи нафаронест, ки тиби анъанавиро бо гиёҳдармонӣ омехта, ба табобати беморон машғул аст.

Муллозуҳур Тоҳирӣ ихтироъкор низ ҳаст ва даҳҳо доруву малҳам ва нӯшобаҳоро барои табобати бемориҳои мухталиф ихтироъ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *