Табиби тоҷик худкушӣ кард
Ҷасади табиби тоҷикро, ки дар шаҳри Москва худкушӣ кардааст, ба зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент меоранд.
Зубайдулло Нуров, табиби 34- сола дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ худро дар шаҳри Москваи Русия ба дор овехтааст. Нуров, сокини деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент буда, се соли охир дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Москва ба ҳайси духтури ортопед — травматолог фаъолият мекард.
Дар ин бора яке аз пайвандони марҳум хабар дод. Даргузашти пизишк Зубайдулло Нуров на танҳо барои пизишкони тоҷик, балки барои соҳаи тандурустӣ талафоти бузург аст.
Ҷасади Зубайдулло Нуров эҳтимол 18 – уми июн ба Тоҷикистон оварда мешавад ва шояд худи ҳамон рӯз дар зодгоҳаш деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент ба хок супорида шавад.
Зубайдулло Нуров хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, соҳиби 2 фарзанд — 1 писар ва 1 духтар мебошад. Ногуфта намонад, ки дар соли 2021 ин сеюмин ҷасад аз шаҳри Москваи Русия танҳо аз деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент мебошад.
20 – уми январи соли ҷорӣ журналист Дониёр Масеҳоев дар синни 40- солагӣ дар шаҳри Москва мошин пахш кард. Масеҳоев хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва собиқ устоди кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки 10 соли охир дар Русия фаъолияти меҳнатӣ дошт.
Дониёр Масеҳоев соҳиби 4 фарзанд — 1 духтар ва 3 писар мебошад.
21 – уми марти соли равон Меъроҷиддин Иноятов дар синни 28- солагӣ дар шаҳри Москва барқ зад, ки дар ҷояш ба ҳалокат расид. Меъроҷиддин муҷаррад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ