Табибон маоши якрӯзаашонро иҷборан барои оҳанпора супориданд

Маоши якрӯзаи кормандони Маркази давлатии назорати беҳдоштиву эпидемиологии ноҳияи Шурчини Ӯзбекистонро барои оҳанпора гирифтанд.

Ба гуфтаи табибон, роҳбарияти марказ ва ноҳия қарори президентро дар бораи манъи ҷамъоварии оҳанпора нодида мегиранд.

Яке аз табибон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, онҳоро маҷбур карданд, зери ҳуҷҷате имзо гузоранд, ки гӯё бо хоҳиши худ маоши якрӯзаашонро ба оҳанпора медиҳанд.

«Қариб 80 дарсади табибон ва ҳамшираҳоро маҷбур карданд, ки маоши якрӯзаашонро дар ҳудуди 4 доллари ИМА барои оҳанпора пардозанд. Мудири марказ гуфт, ин дастури мақомот аст ва мо маҷбурем онро иҷро кунем», — гуфт як табиб.

Яке аз ҳамшираҳои маркази мазкур мегӯяд, моҳи декабри соли гузашта онҳоро маҷбур карда буданд, ки ба нашрияҳо ва маҷаллаҳои давлатӣ обуна шаванд ва ҳамчунин аз моҳи марти имсол иҷборан барои оҳанпора аз онҳо маблағ ҷамъоварӣ мекунанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *