Табибон. Нафароне, ки баъди Худованд тақдири мардум ба дасти онҳост

Рӯзи 18-уми август Иди касбии табибон аст. Нафароне, ки ба қавле, баъди Худованд тақдири мардум ба дасти онҳост.

Тавре медонем, аслан қасамёдкунии се гуруҳ ҳангоми ба фаъолият пардохтан роиҷ аст — президентҳо, сарбозон ва табибон. Аз ин бармеояд, ки табибон низ дар ҷомеа масъулияти бузург бар дӯш доранд. Ҳамон қасами Гиппократ, ки ёд мекунанд, бояд ҳамеша пешорӯйи табибон бошад. Зеро, он қасами оддӣ нест. Он қасами касбиест, ки бояд мутахассис ёд кунад. Он аз ҷумлаи қасамҳои бешумору булаҷаби ҷавонони имрӯза нест, ки ин соат ёд кардаву соати дигар шикананд. Мардум, хусусан корафтодагон низ эътимод ба ҳамон қасами Гиппократ доранд. Руҳи Гиппократ мададгори шогирдонаш бошад!

Аммо, баъзан шикоятҳое низ ба гӯш мерасанд, ки кадом як табиб қасами ёднамудаашро фаромӯш кардааст. Боре нафаре ба ман ҳам чунин шикоят кард. Ӯ гуфт, ки дилаш аз табибон мондааст, зеро, вақте хоҳарашро ҷарроҳӣ кардан лозим меояд, кафолат намедиҳанд. Ба ӯ фаҳмонидам, ки дуруст кардаанд, чун ҳама чиз аз онҳо вобаста нест. Онҳо гунаҳгор нестанд, ки қасами Гиппократ ёд кардаанд. Маҳаку маънии ин қасам танҳо он аст, ки ба назди бемор бо нияти нек, бо мақсади наҷот додан раванд. “Бошад, гап гапи ту” гуфту рафт. Баъди чанд моҳ тасодуфан ӯро боз вохӯрдам. Чеҳрахандон буд. Хушҳолӣ кард, ки хоҳараш бидуни ҷарроҳӣ, бо дорудармонӣ сиҳат шудааст. Табиби дармонгари хоҳарашро ҳам зиёд таърифу тавсиф кард, аз ӯ як нафари хушмуомилаву меҳрубон ном бурд.

Пурсидам:

— Ин табиб кафолати сиҳатшавии хоҳаратро дода буд?

Гуфт:

— Не. Фақат гуфта буд, ки “бо кӯшиши мову бо хости Худо сиҳат мешавад”. Худо хоста будааст, ки кӯшишаш самаровар шуд.

Гуфтам:

— Акнун дарк кардӣ, ки муҳим на кафолат, балки бо нияти нек назди бемор рафтан будааст?

— Бале,- тасдиқ кард қаноатмандона.

Воқеан, банда нисбати ин қишри ҷомеа, яъне табибон эҳтироми хоса дорам. Зеро, бовар дорам, ки аз ҳама пештару бештар онҳо дарди инсонро ҳис мекунанд. Ба пиндорам, вақте шахс хилъати сафед ба бар мекунад, дар майнааш танҳо фикри наҷоти одамон мечархад. Ба андозае, ки худро фаромӯш мекунад. Барои исботи ин гуфта далел ҳам оварда метавонам. Нафареро мешинохтам, бо номи Доктор Азизов (равонаш шод бод!). Табиби бисёр бадонишу бомаҳорат ва меҳрубону дилсӯзу хубмуомила буд. Дар даводаву такопуи наҷоти дигарон, фаромӯш карда буд, ки як пойи худаш мелангад. Шӯхияш ҳам мекарданд, ки “доктор, агар духтури зӯр бошед, пойи худатонро табобат намекунед?”. Механдиду мегуфт: “Вақт намеёбам”.

Воқеан, табибон ҳамеша сертараддуду пурташвишанд. Қисмате, ки масъулиятҳои вазифавӣ доранд, боз пурташвиштар. Барои ба андозае бартараф кардани ташвишҳояшон, ба онҳо низ кумаку таваҷҷуҳ лозим аст, то “рахти сафар бастани табибон”-ро дигар нашунавем.

Иди касбиятон муборак, табибони ҳабиби мардум!

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *