«Табибони ҷаҳон баҳри сулҳ»: Аз шифохонаи аввалин то технологияҳои навтарини тиби Тоҷикистон

Ҷашни байналмилалии «Табибони ҷаҳон баҳри сулҳ» аз ҷониби ташкилоти «Табибони ҷаҳон барои пешгирии таҳдидҳои ядроӣ» пешниҳод шуда буд. Он ҳамасола дар рӯзи мушакборон шудани шаҳри Хиросимаи Ҷопон (6-уми августи соли 1945) ҷашн гирифта мешавад.

Ин рӯз барои ёдоварии пизишконе, ки барои ҳаёти мардуми тоҷик мубориза бурдаву мебаранд, боз як баҳонае гардид. Дар байни сардухтурони аввалин беморхонаҳои кишвар мутахассисони рус низ буданд. Мо тасмим гирифтем, ки чанде аз онҳоро ёдоварӣ карда ва равобити тиббии Тоҷикистону Русияро дар гузашта ва имрӯз муқоиса намоем.

Аввалин духтурони Тоҷикистон

Алексей Дяков моҳи декабри соли 1924 аввалин Комиссари халқии нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон таъйин гардид. Соли 1921, пас аз хатми таҳсил дар факултети тиббии шаҳри Москва хоҳиш кард, ки ӯро ба Осиёи Миёна равон кунанд. Ӯ дар қатора бо Лидия Витеро — олими эътирофшудаи соҳаи бактериология шинос шуд.

Дяков хоҳиш кард, ки ӯро ҳам ба гуруҳи бародараш ба Помир фиристанд. Духтури низомӣ Алексей Дяков барои муолиҷаи беморон ба деҳаҳо рафта, бо онҳо дӯсту рафиқи самимӣ шуда буд. Дар муддати кӯтоҳ забонҳои маҳаллиро азхуд карда, аз наздик бо рӯзгор ва урфу одати мардум ошно гардид. Ин бародарон ҳам дар миёни дӯстон ва ҳам дар миёни мардуми маҳаллӣ обрӯву эътибор пайдо карданд.

Дяков муддати дароз дар Тошканд кор карда, баъдан ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул шуд. Маҳз ӯ ташаббускори табдил додани ҶШС Тоҷикистон ба республикаи иттифоқӣ буд.

Моҳи феврали соли 1925 духтури офталмолог Леонид Парадоксов ба Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон ба кор омада, дар Тоҷикистон аввалин шифохона, яъне табобатхонаи ҷумҳуриявии ҷарроҳии чашм дар шаҳри Душанберо кушод.

Парадоксов сардухтури шуъбаи статсионарии беморхона таъйин мегардад, ки ин шуъба як бинои муваққатии тахтагини ҳаштката буд. Барои ташкили чораҳои муолиҷавӣ оид ба мубориза бо трахома Леонид Фёдорович соли 1929 диспансери трахоматозӣ таъсис дода, ба ҳайси аввалин сардухтури ин диспансер фаъолият мебарад. Ба қалами ин табиб зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ доир ба соҳаҳои гуногуни офталмология тааллуқ дорад.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ сармушовири ҳамаи беморхонаҳои тахлиявии ҷумҳурӣ оид ба офталмология буд.

Николай Кутчак яке аз ташкилкунандагони Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Соли 1930 Кутчак бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе омад ва тӯли 17 сол ба ҳайси мудири доимии шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолият бурд. Дар тӯли солҳои фаъолияташ дар Душанбе Николай Кутчак ҷарроҳии зиёди майнаи сар, дил, меъда, рӯда, роҳҳои сафро, гурда, сутунмуҳра ва буғумҳоро анҷом додааст.

Соли 1933 Кутчак дар беморхонаи ҷумҳуриявӣ шуъбаи гинекологӣ кушод. Кутчак ҳамчун вакили Шӯрои вакилони шаҳри Душанбе барои сохтмони бинои нави беморхонаи шаҳрӣ кӯшиш карда, ба мақсадаш расид. Духтури ин беморхона, ҷарроҳи машҳур, мутахассиси ҷарроҳии фасод, профессор Валентин Феликсович Войно-Ясенетский, архиепископ Лука буд.

1-уми июли соли 1937 истгоҳи санитарии авиатсионии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар шароити куҳӣ истгоҳи мазкур ҳазорҳо беморони вазнинро ба Душанбе расонида, аз марг наҷот дод.

Соли 1939 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар ҳаёти ҷумҳурӣ воқеаи бузурге дониста мешуд. Кутчак ба ҳайси дотсенти кафедраи донишкадаи мазкур фаъолият мебурд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ӯ сарҷарроҳи шифохонаҳои тахлиявӣ буд.

Инҳо номҳои баъзе аз табибоне, ки дар саргаҳи тиби муосири Тоҷикистон меистоданд.

Ҳамкориҳо

Ҳоло ҳамкориҳо идома доранд: қариб 3000 донишҷӯи тоҷик дар Русия аз рӯи ихтисосҳои соҳаи тиб таҳсил мекунанд ва бархе аз онҳо аллакай ба қуллаҳои баланд низ расидаанд. Ҳамин тариқ, соли 2022 аспиранти Донишгоҳи Сеченов Элдор Ҷонназаров аз Тоҷикистон ба қатори беҳтарин олимони ҷавони ИДМ шомил шуд.

Элдор Ҷонназаров ба шарофати тадқиқотҳои худ аз рӯи нашри V-уми китоби  байналмилалии осори беҳтарин олимони ҷавони ИДМ соҳиби дипломи дараҷаи якум дар номинатсияи «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2022» гардид. Офталмологи 26-сола муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.

Дар доираи муборизаи муштарак алайҳи сирояти коронавирус Русия ба Тоҷикистон тест-системаҳои ташхисӣ ва реагентҳои онҳоро, инчунин 50000 ваксинаи «Спутник V» тақдим кард. Аз оғози пандемия аз ҷониби “Роспотребнадзор” барои расонидани кумаки амалӣ дар мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон шаш ҳайати коршиносон ташриф оварданд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо дастгирии Русия дар Тоҷикистон  лоиҳаҳо оид ба коҳиш додани фавти модарон, навзодон ва кӯдакон, инчунин муайян кардани хатарҳои марбут ба бемориҳои ғайрисироятиро амалӣ мекунад.

Зимни маросими супоридани мошинҳои ёрии таъҷилӣ муовини Нахуствазири Тоҷикистон М. Сатториён таъкид намуд, ки Тоҷикистон дӯстӣ бо Русияро хеле қадр мекунад: «Мо Русияро шарики боэътимод медонем ва умедворем, ки ҳамкориҳои мо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ рушд хоҳад кард. Умедворем, ки ин кумаки Русия барои саривақт ёрӣ расонидан ба шаҳрвандони мо мусоидат менамояд».

Фонди «СПИД-Инфосвязь» — ин ташкилоти ғайритиҷоратии Русия мебошад, ки бо дастгирии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳоро дар соҳаи тандурустӣ амалӣ менамояд. Имсол барои идомаи яке аз лоиҳаҳои муҳим директори фонд Степан Канакин ва роҳбари лоиҳаҳои минтақавӣ Виктория Смирнова чандин маротиба ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар кишвар 4 клиникаи зудҳаракат ба кор даромад: дар Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияҳои тобеи марказ. Онҳо аз соли 2013 фаъолият доранд. Дар ин муддат беш аз 285 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ ва беш аз 117 ҳазор нафар аз озмоиши ВНМО, гепатитҳои вирусӣ ва сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда гузаронида шуданд. Лоиҳа, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад, ҳадди ақал то соли 2024 тамдид хоҳад шуд. Дар назар аст, ки барои ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ 2 адад мошини дигар бо кумаки молиявӣ, экспертӣ ва иттилоотӣ тақдим карда шавад.

Дар ҷараёни боздид онҳо аз ҷойҳои кории ду корвони автомобилии ба Беморхонаи марказии вилояти Суғд ба номи Хутфиддинов вобасташуда ва Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи В. Воҳидов дидан карданд.

Кормандони фонд ҳолати вагонҳои ҳаракаткунандаи корвонҳои автомобилӣ ва таҷҳизоти тиббиро хуб арзёбӣ карда, тартиби гузаронидани муоинаҳоро зери назорат гирифтанд, инчунин маълумотҳои омории ҷамъшударо санҷида, бо кормандони бригадаҳои зудҳаракат ҷаласаҳои мутобиқатӣ гузарониданд.

Лоиҳаи дигаре дар асоси шартнома бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сандуқи субот ва рушди Авруосиё амалӣ мешавад. Ба гуфти Виктория Смирнова, лоиҳаи «Корвони саломатӣ» бо мақсади ташкили муоинаи профилактикии аҳолии ҷумҳурӣ дар манотиқи душворгузар амалӣ гардонида мешавад: «Соли гузашта аллакай мутахассисони соҳаи тиб ва техникӣ омӯзонида шуданд, 2 қатораи автомобилӣ дар платформаи КАМАЗ супурда шуд, ки ҳар кадоми он 8 утоқи муҷаҳҳазонида дорад».

Дар давраи аз 14-ум то 20-уми июли соли 2022 дар доираи чорабиниҳои банақшагирифташудаи лоиҳаи «Корвони саломатӣ» мутахассисони Федератсияи Русия боз ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳар як беморе, ки ба хидматрасонии корвонҳо муроҷиат мекунад, аз муоинаи пурраи профилактикии табибон: рентгенолог, терапевт, офталмолог, кардиолог, мутахассиси ташхиси функсионалӣ, гинеколог, лаборант, дандонпизишк мегузарад. Дар озмоишгоҳи корвони зудҳаракат мутахассис таҳлили умумии пешоб ва хунро мегузаронад, дар утоқи дандонпизишк беморон метавонанд дандони худро табобат кунанд. Рентгенолог, офталмолог, гинеколог беморонро муоина мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ таъинот мекунанд ё барои ташхиси иловагӣ роҳхат менависанд. Пас аз муоинаи мутахассисон ба бемор аз ҷониби терапевт хулосаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ дода мешавад.

Фонд инчунин татбиқи гранти «Ташхиси мобилии COVID-19»-ро ба нақша гирифтааст. Дар назар аст, ки мутахассисон бо санҷишҳо барои муайян кардани антителаҳо ба коронавирус, инчунин 5 озмоишгоҳи зудҳаракати санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ВМКБ таъмин карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *