Табибони Ӯзбекистон дар Озмоишгоҳи миллии референсии Душанбе
Табибони ӯзбекистонӣ, ки ҳоло дар Душанбе қарор доранд, аз фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ шинос шудаанд. Онҳо ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони ин озмоишгоҳ дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавирус суҳбат намудаанд.
Тавре сомонаи Pressa.tj қаблан хабар дода буд, пас аз гуфтугӯи телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони ӯзбекистонӣ вориди Тоҷикистон гардиданд. Ин ҳайати табибони кишвари ҳамсоя аз пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиббӣ иборатанд. Мақсади онҳо, пеш аз ҳама кумак ба ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 мебошад.
Ҳоло онҳо аз таҷрибаи хеш ба табибони тоҷик ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус маслиҳат медиҳанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ тамоми шароити корӣ фароҳам аст. “Таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва бо сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст”, -гуфтааст манбаъ.
Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 28 апрели соли 2017 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ