Табибони Полша аз Тоҷикистон рафтанд
Табибони Полша, ки наздики 20 рӯз дар Тоҷикистон қарор доштанд ва аз фаъолияти беморхонаҳои Бадахшон ва чанд минтақаи дигари кишвар шинос шуда буданд, ба ватанашон баргаштанд.
Як рӯз қабл аз сафари табибони Полша, дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба боздиду шиносоии онҳо бо муассисаҳои тандурустии мамлакат натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода иброз доштааст, ки бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 табибони Полша ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намудаву бо фаъолияти онҳо шинос шуданд. Ҳамзамон, барои ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати беморони мазкур бо табибони тоҷик суҳбату вохуриҳои судманд анҷом доданд.
Табибони Полша дар навбати худ ба фаъолияти табибони тоҷик дар самти мубориза бар зидди бемории КОВИД-19 баҳои баланд доданд.
“Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки шиносоӣ ва боздиди табибони полягӣ аз муассисаҳои тандурустии кишвар ва табодули таҷрибаи онҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи табибони тоҷик барои пешгирии ин беморӣ натиҷаҳои хуб ба бор овард”,-менависад сомонаи вазорати тандурустӣ.
Ёдрас мешавем, ки табибони Полша субҳи 27 июн ба кишвари хеш баргаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ