Таъбири хоб: Нафақа ба нархи лингчаи орд баробар мешавад!

Салом оғои Фазлиддин Асозода!

Ҳанӯз як моҳ пеш, замоне, ки нав ба рухсатӣ баромада будам, нафаре барои таъбири хобе ба ман муроҷиат карда, гуфт:

— Хоби даҳшатноке дидам. Аз куҳ гарде бархосту анбуҳи бузурги одамонеро дидам, ки аз думболи чанд ашёи кулулае медавиданд. Ашёҳо, ки бештар ба пиёз монанд буданд ва дум низ доштанду дар сар кӯлоҳи чун мӯй парешон ба ҷарие сарозер мешуданд. Ҳама кӯшиш мекарданд, ки ақаллан як ё ду донаро доранд, аммо наметавонистанд. Танҳо чанд нафар муваффақ шуданд, ки чанд донаи хурдакаки онро ба даст оранду халос. Дигарон бо дасти холӣ баргаштанд, аз ҷумла ман низ. Лутфан бигӯед, ки он чӣ буд ва чаро чун гард пайдо шуду зуд ғайб зад?

Агарчи ҷинҳо низ дар рухсатӣ буданд, тавонистам онҳоро ҷамъ кунам ва таъбири хоби даҳшатнокро пайдо намоям. Натиҷаи муҳокима ва муқоисаи нишонаҳо нишон доданд, ки он чӣ ӯ номбар кард, бештар ба пиёз шабоҳат дошт. Ҷинҳо гуфтанд:

— Ба наздикӣ нархи пиёз чунон гарон мешавад, ки на ҳама онро харидорӣ карда метавонанд. Ҳар чӣ дар кишвар истеҳсол мешавад, ба хориҷ содирот хоҳад шуд, ки ин метавонад на танҳо омили гароншавӣ, балки боиси камчинии пиёз низ гардад, агар блоки иқтисодӣ пеши роҳашро нагирад.

Баъди чанде воқеан таъбири мо дуруст баромад ва нархи пиёз хеле гарон шуд. Агарчи пеши роҳи гароншавии он гирифта нашуд, вале хушбахтона, блоки иқтисодӣ тавонист бо роҳи манъ намудани содироти он аз камчин шудани пиёз пешгирӣ кунад.

Ана инро хоб ва таъбир мегӯянд, ҷаноби Фазлиддин Асозода!

Ба назари мо, хобҳои шумо вақтҳои охир ба хобҳои маъмулӣ не, балки ба як беморӣ табдил ёфта истодаанд. Зеро хоби шумо на пеш аз гароншавӣ, балки баъди он сурат мегирад ва аллакай ба таъбиргар низ ниёз пайдо намекунед. Ана ин аст як сабаби дуршавии ҷинҳои ман аз хобҳои шумо.

Сабаби дигари даст кашидани ҷинҳоро аз хоби худ шумо бояд хубтар донед. Чаро нархи ҳама маҳсулоте, ки шумо хоб мебинед, боло мерафтаасту нархи таъбири хобҳои шумо не? Бо дар хоб қурбонӣ кардани буз шумо на ҷинҳоро сер мекунеду на қурбонихӯрҳоро. Қурбониро дар бедорӣ кунед, ҷаноби Асозода, савобаш бештар мерасад.

Бале, рост гуфтед, ки «гароншавии нархи шакар коми харидорро талх кард». Лекин як фоидаи дигар овард ку. Минбаъд онҳое, ки лимонро бо шакар мехӯрданд, хеле сарфакор шуданд. Онҳо акнун аз хӯрдани лимонҳое, ки ба таъбири Шамсулло Фозилов «фақат онҳо дар бозор қиммат нашудаанд», даст кашиданд. Акнун онҳо лимонро бо шакар неву шакарро бо лимон мехӯранд.

Акнун на танҳо арзиши шакару орду равғану биринҷу пиёз, роҳкирои ҳамон микроавтобуси №2 низ, ки шуморо то бозор мебурд, гаронтар шуд ва ин шуморо маҷбур мекунад, ки бо чӣ арзише набошад, ҳама маҳсулотро кам-кам аз мағозаи назди хонаатон, ки баъзан то маош шудан нася ҳам медиҳад, харидорӣ кунед.

Шумо воқеан соддаед, ҷаноби Асозода! Шумо инро ҳам дар бедориатон ва ҳам дар хобатон эътироф карда, «ба соддагии худ хандида», маро ёд кардаед. Ана ин эътирофатон бе таъбири мо ҳам рост мебарояд ва ин аст, ки ба чӣ қимате набошад, аз Русия шакару равған ва дигар маҳсулотро ворид кардан гиред. Аз монополистшавии Русия натарсед. Бе таъбири мо ҳам маҳсулоти нархашон гароншударо фақат монополистҳо ворид карда истодаанд ва маҳз ҳамин омил боис шуда, ки нархҳо дигар поён нараванд. Ку як маҳсулотро номбар кунед, ки дилхоҳ ширкат онро ворид карда тавонад. Наметавонад!

Ман шуморо дар арафаи иди Қурбон бахшидам, зеро маро ҷинҳоям ба ин ташвиқ карданд. Вале кори хуб накардед, ки ҳам ману ҷинҳоям ва ҳам тамоми ҷумҳуриро бо эълони «Нафақаи падарам кофӣ нест! “Бузи баҳсӣ”-ро қурбонӣ мекунем» фиреб додед. Зеро шумо боз ҳам аз ҳисоби нафақаи падар каттагӣ карда, идро гузаронидеду «бузи баҳсӣ»-ро қурбонӣ накардед. Баъдан, фаромӯш накунед, шумо ҳаққи қурбонӣ кардани бузи баҳсиро надоред, зеро шумо он бузро кайҳо ба мо ваъда карда будед ва ҳатто ба ивази фолҳоям ба ман бояд медодед. Бинобар ин, он бузро танҳо ман қурбонӣ карда метавонистам, на шумо. Чун буз бузи баҳсӣ аст, акнун шумо аз савоби қурбонӣ ҳам бенасиб мондед. Агар бовар накунед, аз муллои ҳамсояатон пурсед, ки оё моли баҳсиро қурбонӣ карда мешавад ё не? Канӣ бинед, ӯ чӣ мегӯяд.

Лекин аз ин ҳама хобҳоятон як хушхабар дорам. Таъбири як хобатон ин аст, ки солҳои наздик нафақа боло меравад, аз ҷумла нафақаи падари шумо низ. Чунки аллакай ин баҳс оғоз шудаву депутате пешниҳод кардааст, ки «ё нархи лингчаи ордро паст карда, ба ҳадди ақали нафақа баробар кунанд, ё нафақаро боло бурда, ба нархи лингчаи орд расонанд». Чун эҳтимоли паст кардани нархи орд вуҷуд надорад, боварӣ ҳаст, ки варианти 2-юмро қабул карда, нафақаро то нархи лингчаи орд мерасонанд. Лекин бояд иқрор кунам, ки мо экстрасенсҳо фақат баландшавии нафақаро пешгуӣ карда тавонистем, вале миқдор ва соли болоравии онро муайян карда наметавонем. Зеро ин боз ба депутатҳо ва масъулини блоки иқтисодӣ вобаста аст. Чун сол ва рақамҳоро онҳо пешниҳоду тасдиқ мекунанд.

Ҷаноби Фазлиддин Асозода!

Лутфан, аз хоб бедор шавед ва ба нарху наво, ба зиндагӣ бо чашмони боз ва дидаи бедор нигаред, ки мабодо бо ин хобҳоятон ба ягон бало напечед. Шеърхониро низ кӯшиш кунед, ки дар бедорӣ анҷом диҳед. Шеърхонӣ дар хоб нишонаи бекорист. Аз ройгон ҷустани таъбири хоб низ даст кашед, ки ин метавонад ба як одати маъмулӣ табдил ёбад ва шуморо дар ниҳоят ба мо — эксрасенсҳо сахт вобаставу мутеъ, ё ҳатто муътод созад.

Боқӣ, вассалом!

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА, экстрасенс

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *