Табобат ё ғорат? Ё вақте нархи гиёҳ ба зар баробар мешавад…

Имрӯзҳо дар кишвари мо марказҳои гуногуни тиббӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла марказҳои тиби халқӣ, чинӣ ва ҳиндӣ, ки гӯё бо гиёҳдармонӣ беморонро табобат мекунанд. Чунин марказҳо миёни мардум ҳаводорони зиёд пайдо кардаанд. Вале суоле сар мезанад, ки чунин марказҳо ба хотири табобат бунёд шудаанд ё ғорат?   

Фиреби табиби дунган

Қиссаро аз даврони шӯравӣ сар мекунем (1982). Он замон дар Қирғизистон табибе пайдо шуда буд. Ҳангомаю овозаи ӯ дар тамоми қаламрави шӯравӣ паҳн гашт.

Ин табиб аз қавми дунганҳои чинӣ буда, замоне дар яке аз деҳаҳои қирғизӣ маскан дошт. Азбаски падарам бемор буд, маро водор кард, ки назди он табиб барам. Хоҳиши падарамро сарфи назар карда натавонистам. Ҳангоме, ки аз тайёра ба фурудгоҳи Бишкек фуруд омадем, ронандагони таксӣ моро миёнагир карданд:

— Куҷо барем, ба шаҳр ё назди табиб?

— Табиб дар куҷо?,- пурсидем онҳоро.

— Табиб аз инҷо дар масофаи 50 км аст, дар деҳа зиндагӣ мекунад,- ҷавоб дод ронанда.

Баробари ба деҳа расидан анбуҳи зиёди одамонро дидем, ки ҳатто аз Ленинград, Шарқи Дур, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва ғайра омада буданд.

Дар деҳа ва манзили табиб ягон шароит — ҷои нишаст, истироҳат, хоб, хӯрокхӯрӣ ва ғайра набуд.

Аз ин ҳолат ҳамсояҳои табиб истифода карда, шабона ба беморон бо пул ҷойи хоб медоданд ва обу хӯрок мефурӯхтанд.

— Табиб куҷост?,- мепурсиданд беморон.

— Ӯ дар адиру теппаҳои атроф машғули алафдаравист.

Аз ин рӯ, ҳамаи беморон боз мошин киро карда, ба назди ӯ мерафтанд. Ӯ ҳам дарди беморро шунида, рӯи як порча коғаз хати каҷукилеб кашида медод. Дар манзили табиб ба дегҳои 200-литра алафҳои даравидаро оварда меҷӯшониданд, аниқтараш “дору” тайёр мекарданд ва ҳар як литри онро 3-рублӣ (бо пули ҳамонвақта) мефурӯхтанд. Дар сари дегҳо духтару келинаш, ки маълумоти фарматсевтӣ доштанд, меистоданд ва касеро ба дегҳо наздик шудан намемонданд.

Баъдан маълум шуд, ки онҳо ба дегҳои ҷӯшон номаълум таблетка (қурс) ва хокаҳои таскинбахш меандохтаанд. Ин усули дорутайёркуниашон буд. Ҳамин тавр, онҳо мардумро гӯлу гумроҳ мекарданд ва дар як шабонарӯз 3 тонна обро мефурӯхтанд.

Табибони энсиклопедист

Акнун меоем ба замони мо. Дар рӯзҳои мо ба ном марказҳои табобатӣ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст. Аз ҷумла марказҳои тиби чинӣ зиёд шуда истодаанд. Дар чунин марказҳо як табиб 20-30 навъ бемориро табобат мекунад, ки шубаҳовар аст. Одатан як табиб дар як навъи беморӣ ихтисосманд аст ва 6-7 сол таҳсил мекунад, ки соҳибтахассус шавад. Аммо табибоне, ки ба гиёҳдармонӣ машғуланд, аз худ энсиклопедист тарошидаанд. Пас месазад, ки ба онҳо бовар кард?

Амалиёти марказҳои тиби чиниро ҳамарӯза чандин маротиба шабакаҳои телевизион реклама мекунанд. Вале касе боре таҳлил кардааст, ки ин марказҳо то куҷо ба манфиати мардум кор мекунанд? Ва чӣ тавр як табиб метавонад мутахассиси 25-30 беморӣ бошад?

Боре нашунидаам, ки Вазорати тандурустӣ ё ниҳодҳои марбута ин марказҳоро санҷиш ва доруҳои онҳоро ташхис карда бошанд. 

Нархҳои дандоншикан

Банда дар ин авохир ба чанде аз чунин марказҳо корафтода шуда, мушоҳида кардам:

1). Будубоши беморон дар ин марказҳо ба талаботи беҳдоштӣ чандон ҷавобгӯ нест;

2). Аз беморон барои як қабули табобат аз 400-450 то 500 сомонӣ ситонида мешавад, ки на ҳар бемор қобилияти пардохти онро дорад;

3). Табобат ду-се давраро дар бар гирифта, бо ҳар баҳона 5-6 ҳазор сомонӣ аз бемор ситонида мешавад.

Ҳол он ки, гиёҳҳое, ки дар табиат мерӯянд, хеле арзонанд. Пас чаро табибон ин гиёҳҳоро ба нархи зар мефурӯшанд?

Суоли дигар ин аст, ки то куҷо беморон пас аз табобат дар чунин марказҳо шифо меёбанд?

Ин мушоҳидаҳо касро ба андеша мебаранд.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ниҳодҳои марбута хоҳиш мекунем, ки фаъолияти марказҳои машғул ба гиёҳдармонӣ, махсусан марказҳои тиби хитоиро холисона таҳлилу баррасӣ намоянд ва баъдан ба онҳо иҷозати фаъолият диҳанд.

Э. КАМОЛЗОДА, нафақагир, сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *