Табобати халқии бефарзандӣ

Оиладориамонро даҳ сол шуд, вале то ҳол фарзанд надорем. Бефарзандӣ маро дар назди аҳли оилаи шавҳарам сархам ва забонамро кӯтоҳ кардааст. Хушдоман ва хоҳаршӯйҳоям “гови қисир” гӯён, маро таъна мезананд. Пештар шавҳарам маро таскин медод, ки навмед нашавам, иншооллоҳ бачадор мешавем, вале аз афташ косаи сабри ӯ ҳам лабрез гаштааст, ки дар наздам шарт гузошта гуфт, ки агар то соли дигар ҳомиладор нашавам, дар болоям зан мегирад. Илтимос, кӯмак кунед, ки зиндагиам вайрон нашавад.

М. С, сокини шаҳри Душанбе.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ

Тиббихалқӣ дар мавриди нозоии хонумҳо чандин давоҳои тӯли асрҳо санҷидашуда дорад ва ман чанд нусхаи оддии онро ба шумо тавсия медиҳам.

Мӯъҷизаи раҳдавак

Гиёҳи роҳдавак садҳо занҳои нозойро соҳиби фарзанд гардонида, пояи зиндагиашонро устувор намудааст. 20 грамм роҳдаваки хушкро дар термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш резед ва то бегоҳ кам-кам нӯшидан гиред.

Аз равғани думба истифода баред

Зане, ки фарзанд надорад, решаи офтобпарастро кӯфта, ба шакли хока дарорад ва бо каме равғани думба омехта карда, аз зер бардорад, бо инояти Худованд зоё мешавад.

Давои гиёҳӣ бо шароб

50 гр. тухми гиёҳи зуфо (иссоп) -ро дар ним литр арақ дар зарфи шишагӣ ба муддати даҳ рӯз хобонда, ҳамарӯза шишаро такон диҳанд, сипас соф карда, рӯзе 3 маротиба ба андозаи ним қошуқӣ, ним соат пеш аз хӯрок истеъмол намоянд, занҳои нозойро модар хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *