Табобати коронавирус дар чор соат

Олимони Амрико аз ширкати Srorrento Therapeutics дору (антитела) – и, ба гуфти онҳо 100% коронавирусро табобат кунанда, пайдо кардаанд. Дар ин бора Fox News хабар медиҳад.
Аз рӯи маълумоти ин сарчашма, мутахассисон миллиард антителаро омӯхта, дар миёни онҳо беш аз садторо пайдо кардаанд, ки метавонанд ба коронавирус таъсир расонанд. Онҳо дар ин миён даҳҳо антителаро интихоб намуданд ва ба омӯзиши онҳо шуруъ намуданд. Яке аз онҳо STI -1499 – будааст, ки 100% клеткаҳои инсонро аз заҳролуд шудан бо коронавирус наҷот медиҳад.

Мутахассисион менависанд, ки он вирусро ба иҳота мегирад ва дар давоми чор рӯз аз бадани инсон берун месозад. «Ин дору роҳи табобати ин беморӣ аст”- мегӯяд духтур Генри Ҷӣ, асосгузори ширкати Srorrento Therapeutiсs. Ин таҷриба дар шароити лобороторӣ гузаронида шудааст. Ба ин хотир, ширкат то ҳанӯз иҷозат барои истеҳсоли он нагирифтааст. Доктор Ҷӣ мегӯяд, ки ба шарофати ин дору карантинро дар тамоми кишварҳои дунё метавон бекор кард.
15 май роҳбари Агентии Федералии тиббӣ — биологии Россия Вероника Скворцова изҳор намуд, ки доруи зидди малерия мефлохин аз рӯи тадқиқоти то клиникӣ нишон дод, ки қодир аст дар давоми 48 соат (аз вақти гирифтор шудан) коронавирусро пурра аз байн барад. Аз рӯи гуфта вай барои ин дозаи бисёр кам- ду микрограмм дар миллилитр басанда аст. Ин доруро, гуфт Скварцова, ҳам барои профилактика ва ҳам табобат метавон истифода намуд.

Айни замон ваксин бар муқобили коронавирус вуҷуд надорад. Олимони дунё фаъолона дар паи тадқиқи он ҳастанд. Барои табобати коронавирус алҳол доруҳое истифода мешаванд, ки барояшон литсензия гирифта нашудааст. Масалан истифодаи мефлохин ва гидроксихлорохин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *