Табодули асирон дар Украина
Мақомоти Украина ва ҷудоихоҳони рӯ ба Русия табодули асирон ва шахсони боздоштшударо анҷом доданд.
Табодул 29 декабр дар гузаргоҳи «Майорское»-и вилояти Донетск сурат гирифт. Шоми он рӯз ҳавопаймои асирони табодулшуда дар фурудгоҳи Бориспол фуруд омад ва онҳоро президенти Украина Владимир Зеленский пешвоз гирифт.
Маъмурияти президенти Украина акси табодулшудаҳоро нашр кард. Дар иттилоияи маъмурият омадааст, ки ба Киев 76 нафар дода шуд. 12 тани онҳо низомӣ ва боқӣ сокинони осоишта ҳастанд. Ваколатдори ҳуқуқи инсони «Ҷумҳурии худхондаи Донетск» субҳи 29 декабр гуфт, Киев мехоҳад, 55 нафарро бо 87 кас табодул кунад. Ҷудоихоҳон рӯйхати табодулшудаҳоро нашр накарданд, вале мегӯянд, 80 дарсади онҳо сокинони минтақаҳои берун аз идораи Киев нестанд.
Яке аз табодулшудаҳо, собиқ корманди ҳукумати ноҳияи Макеев Василий Савин пеш аз табодул гуфт, «тасаввур кунед, панҷ сол дар панҷ метри мураббаъ. Тасаввур кунед, ки панҷ сол дар ҳоҷатхонаи худ зистед. Панҷ сол дар таҳхона медонед, ин чист?», — афзуд Савин.
Бахши украинии Радиои Озодӣ аз раҳоии рӯзноманигор Станислав Асеев хабар додааст, ки дар бораи минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон матлаб менавишт. Ӯро соли 2017 дар Донетск боздошт ва бо ҷурми ҷосусӣ 15 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд. Дар миёни озодшудаҳо блогери украин Олег Галазюк низ ҳаст.
Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/PО) Ҷеймӣ Флай 29 ноябри соли равон дар мулоқот бо Зеленский аз ӯ даъват карда буд, ки барои раҳоии Асеев ва Галазюк талош кунад. Флай аз раҳоии ин ду нафар низ истиқбол кард.
«Мо аз озод шудани Асеев ва Галазюк хеле хурсандем. Онҳо дувуним сол на барои содир кардани ҷинояте, балки барои хабар додан дар бораи ғасб шудани ватанашон аз сӯи Русия зиндонӣ ва аз робита бо олами берун маҳрум карда шуданд», — афзуд президенти радио.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ