Табрикоти наврӯзии Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҷашни Наврӯзро ба ҳамаи касоне, ки таҷлил мекунанд, табрик гуфт. Трамп рӯзи 19-уми март дар паёми идонаи худ гуфт, «таърихчаи Наврӯз дар Эрон реша дорад. Ҷое, ки кишваре пурифтихор барои ҳазорон сол, бо қудрати фарҳанг ва истиқомати мардумаш, аз паси чолишҳои бузурге баромадааст.»

Ӯ аз ҳукумат ва Сипоҳи посдорони Эрон интиқод карда, гуфт, мардуми он кишвар таҳти фишори ҳокимоне ҳастанд, ки ба ҷои хидмат ба мардум, ба худ хидмат мекунанд. Вай таҳдид кард, ки Амрико аз созишномаи ҳастаӣ берун мешавад.

Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, «бисту панҷ қарн пеш Дориюши бузург аз Худованд хост, ки Эронро аз хатар — лашкари душман, хушксолӣ ва дурӯғ ҳифз кунад».

Доналд Трамп инчунин Сипоҳи посдорони Эронро як артише хонд, ки аз мардуми Эрон медуздад, то харҷи терроризм намояд. Ӯ гуфт, Сипоҳи посдорони Эрон беш аз 16 миллиард доллар барои нигоҳ доштани ҳукумати Сурия ва ҳимоят аз ниманизомиён ё ба гуфтаи вай, ба террористҳои Сурия, Яман ва Ироқ харҷ кардааст. Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп дар паёми наврӯзии соли гузаштаи худ ба масъалаҳои сиёсӣ ишорае накарда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *