Тафаккури Толибон бадтар аз вируси куруност

Имрӯзҳо суҳбат аз Толибон* дар садри ҳамаи ахбор аст ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ низ мудом аз Толибон* мегӯянд, ки комилан қобили дарк аст. Дили ҳамаи мо барои мардуми озодихоҳи Афғонистон месӯзад ва ҳама дар ҳоли бозтоб додани ҳамдилӣ ва пуштибонии худ аз ҷибҳаи муқовимат ҳастем.

Фоҷеъаи онҳо фоҷеъаи мо низ ҳаст. Шутуре, ки имрӯз дами дари онҳо хобида фардо дами дари мост агар ҳамбастагӣ надошта бошем, садои онҳо набошем. Бодо, ки пирӯз бошанд азизони Афғонистон, ки чандин даҳсола аст зулмро таҳаммул мекунанд, аммо мудом меҷанганду муқовимат мекунанд. То онҳо пирӯз нашаванд, идиоложии толибонӣ аз минтақа барчида нахоҳад шуд.

Бархе бар ин боваранд, ки Толибон* сарбозоне ҳастанд, ки аз Покистон вориди Афғонистон шудаанд ва бо аз байн бурдани онҳо тафаккур ва идиоложии толибонӣ низ аз байн хоҳад рафт.

Ин андеша то ҳадде дуруст аст, вале ҳамаи моҷаро нест. Ҳарчанд аз байн бурдани муҷриҳои физикии ин идиоложӣ, қудрати сиёсии онҳоро коҳиш медиҳад ва аз саҳна дур мекунад, аммо комилан торумор нахоҳад кард.

Ба назари бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ ва иҷтимоъӣ тафаккур ё идиоложии толибонӣ решаи амиқтаре дар минтақа дорад ва бо тағйир ёфтани фазои сиёсӣ дар бисёре аз кишварҳои мо вопасгароёни ватанӣ чеҳраи ҳақиқии худро зоҳир хоҳанд кард ва зери парчами Толибон* саф хоҳанд кашид. Дар ин андеша ҳақиқати зарифе хобида аст, ки бояд таъамули амиқ дошта бошем ва худро жарф дар ойинаи ақлу дил бибинем.

Киҳо гароиш ба толибонизм доранд?

Толиб он аст, ки ақида дорад, зан моликияти мард аст ва инсони мустақил ва соҳибҳуқуқ нест ва танҳо вазифа ва арзише, ки дорад, ҷисми ӯст ва танҳо тавоноиаш модар будан аст; зан хонадор бояд бошад, ба маънии ин ки мудом дар хидмати мард ва мардҳои хонавода бошад, чи он ҳамсараш аст чи писаре, ки худ зода аст. Ҳаққи тадрис надорад, ҳаққи ба меҳмонӣ рафтан надорад, ҳаққи садо дар ҷамъ ва ҷомеъа надорад, хушӣ барояш ҳаром аст ва сабукӣ дониста мешавад ва бояд муроқиби обрӯ ва саломатии мардҳои хонавода бошад ва аз ҳамоқат ва ҷаҳли онҳо шикоят ба касе набарад, зулми ба ӯ раво дидаро бибахшад ва эътироз накунад… Агар аз ин чорчӯб по ба берун гузошт, пас бояд бидуни тардид танбеҳ кард.

Ҳоло ба атрофи худ нигоҳ кунед, чанд нафарро мешиносед, ки бо ин тафаккур зиндагонӣ мекунанд? Мутмайинам, ки чунин афроде дар атрофи шумо ҳастанд.

Пас агар чунин аст, мубориза бо фарҳанг ва тафаккури толибонӣ танҳо бо аслиҳа ва ҷанг дар дохили марзҳои Афғонистон ҳаллу фасл нахоҳад шуд. Бояд бо омӯзиш ва таҳсили насли оянда ин тафаккури масмумкунандаро то ҳадди имкон дар ҷомеъаи худ коҳиш диҳем.

Дар қарнҳои гузашта теъдоди мутаффакирони маънавӣ ва файласуф дар минтақаи Осиёи Миёна он қадар зиёд буд, ки боъиси обрӯ ва номи неки мазҳаби ислом дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ буд, аммо ҳоло онон, ки худро мусалмон медонанд, аз ин фалсафаҳои миллӣ ва маънавии мо хабаре надоранд ва ҳатто мутаваҷҷеҳ нестанд, ки агар Имом Абу Ҳанифа ё Сино ҳоло зинда буданд ва он ҳарфҳои равшангаронаи худро такрор мекарданд, мисли Толибон сангсорашон мекарданд.

Тафаккури толибонӣ бадтар аз вируси Куруно дар ҷомеъа густариш ёфта, ки танҳо подзаҳри он дониш аст ва мутолеъа ва тарбияти раҳбарони донишманду таҳсилкарда (аст). Бо роҳи дигаре намешавад ин идиоложии ҷаҳл ва бесаводиро аз байн бурд.

Чи касе буд, ки исмаш ёдам нест, мегуфт: «Барои мубориза бо торикӣ бояд чароғ равшан кунем». Торикии дилу зеҳни моро ҳеч аслиҳае ба ғайр аз тухми сухану дониш мағлуб нахоҳад кард.

Дар ин муборизаи сохторӣ ва аслӣ ҳамаи мо бодо ки пирӯз бошем ва чароғи дилу дидаи худ ва атрофиёни худро низ равшан нигаҳ дорем, нек бошему некӣ кунем то дарахти инсоният барои ҳама пиру ҷавон, зану мард ва кӯдакон яксон шукуфо гардад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ,

нависанда ва рӯзноманигори муқими Ҳоланд

(Акс ва мавод аз саҳифаи Фейсбуки муаллиф)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *