Тафсилот ва боздошти занҳои ҷангҷолӣ  дар Душанбе

Шоми 4 июли соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он чанд зан тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Имрӯз, 5 июл Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавонзанони бо ҳам муноқишанамуда хабар дод.

Зимни ин ҳодиса шаҳрванд Сафаргул Сафаралиеваи 34 — сола ва фарзанди ноболиғаш Зуҳро Набиеваи 14 — сола дастгир карда шуданд.

Ин модару духтар шаҳрванд  Мадина Гуловаи 26 – соларо, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагонӣ мекунад, мавриди латукӯб қарор додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, бинобар сабаби нофаҳмию муноқишаи кӯдакони ноболиғ, байни ин ду ҳамсоя солҳост хусумату бадбинӣ вуҷуд дорад.

“Маҳз зимни бозӣ дар зери бинои истиқоматӣ бо ҳамдигар занозанӣ намудани кӯдакон, боиси сар задани муноқиша байни волидон гардид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

 Ҳоло нисбати ин ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *